Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Истифодаи адабиёти шифоҳӣ низ барои болидарўҳии адиб ва хонанда мегардад.
– Дар бораи минбар ва садои адиб дар ҷомеа чӣ андеша доред?
– Минбари адиб мизи кори ўст ва нависанда набояд аз ёд барорад, ки аз ҳамин минбар ў бо ҷаҳониён сухан мегўяд. Ҳофизу Хайём дар ягон мамлакати Ғарб набуданд, вале садои онҳо тамоми ҷаҳонро мусаххар кард. Шоири олмонӣ Ҳиёте бо ҳама бузургиаш Ҳофизро устоди хеш хонд. Шоири шаҳири рус С.
Есенин дар пайравии ашъори Ҳофиз «Савтҳои Шероз»– ро навишт. Тамоми нўшбодҳои оламро аз номи Хайёми бузург ба забон меоранд. Шояд ў на соқӣ буд, не майхона мерафт, вале ба ҷозибаи суханаш дили ҷаҳониёнро ба худ гарм кард.
Ҳар кӣ бо сухан сару кор дорад, новобаста аз жанри пешгирифтааш бояд ба қадру манзалати ин неъмати илоҳӣ бирасад.
Баъзеҳо гумон доранд, ки кори эҷодӣ душворие надорад, вале дар асл чунин нест. Эҷод кардан аз кори ҷисмонӣ барои инсон садҳо маротиба гаронтар меафтад. Садои нависанда чун сухани дар байни ду кўҳи баланд ба забон оварда бояд акси садо диҳад ва агар чунин нашуд беҳтар аст хомаро ба замин гузошт.
Албатта, ҳама гуна ҳодисаро чун гузориши ҳарбӣ дар ду ҷумла ифода метавон кард, вале танҳо суханвари ҳақиқӣ метавонад ба он қабои зебо пўшонад. Ин қабо ё худ пероҳанро дар адабиёт бадеият мегўянд. Агар бадеият намешуд дигар касе ба нависанда сухан намедод, мисли он ки гоҳо аз минбарҳои баланд ситсеронҳои навбаромад сухан мекунанду нависандагон пушти дар меистанд. Маҳз ҳамин бадеият аст, ки кӣ будани шахсро муаррифӣ мекунад. Гул бояд худ бўй диҳад, на ин ки аттор бигўяд.
– Мегуфтед, ки детективи тоҷик имрўз дар кадом поя қарор дорад?
– Албатта, ман гуфта наметавонам, ки ин жанри адабиёт дар мо нав реша гирифтаву нумўву сабзидан дорад. Дар ин ҷода аллакай чун Михаил Левин, Нарзулло Тиллозода, Ғайрат Ҳаким, Зариф Ғулом сухани хешро гуфтаанд. Ба таври дигар гўем ин жанр дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо низ маҷрои хешро шакл додааст.
– Адиб пулест дар муаррифии миллат ба ҷаҳониён. Ба назари Шумо, осори адибони мо дар хориҷи кишвар чӣ нуфузе доранд?
– Ба назари ман адабиёти мо дар хориҷи кишвар хеле суст тарғиб мегардад. Сабабҳо ин ҷо зиёданд, албатта. Як роҳи осонтари тарғиби фарҳанги мо дар хориҷа вуҷуд дорад, ки тамоми давлатҳо аз он истифода мекунанд.

пешина
аз 408
навбатӣ