Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Биё, рафтем ҷонам, чӣ хуб аст, ки дили ҳама ба ҳоли навхонадорон месўзад ва онҳо тайёранд, ки ҷойи гарми хешро ба хотири муҳаббати дигарон сард созанд.
Аз сухани дўстро шикастан ў гардани шайтонро бишкасту аз ҷой бархеста ба оне, ки ба хотири муҳаббат ҷойи хешро сард намуда буд, изҳори сипос намуда, аз қафои курсант қадам гузошт. Тайи чанд соати парвоз онҳо ба ҳам хело аз наздик шинос шуданд.
Александр фахмид, ки Нина донишҷўйи курси панҷуми факултаи таърих ва архиологияи Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи Жданов буда, баъди таътили тобистона боз ба таҳсил меравад. Нина ҳам каму беш аз таърихи ҳамсафари хеш шинос шуд.

– Хўш, корҳо чӣ хел?
– Бад.
– Яъне, ки бачаро наёфтед?
– Ҳамин ҳел рафиқ майор.
– Ягон маълумоте ба даст овардед?
– Муттассифона не.
– Муррабия чӣ мегўяд?
– Гуфт, ки соати нўҳ, гурўҳи шашсолаҳоро ба ҳавлӣ баровард ва ҳама машғули бозӣ буданд.
– Пас чӣ тавр писарбача аз пеши чашмаш бедарак шуд?
– Ҳарчанд худаш дар аввал иқрор нашуд, вале пиразане аз ошёнаи чоруми бинои самти муқобили даромадгоҳи асосии боғча мураббияро ҳамроҳи ҷавоне дар ҳамон вақт сари суҳбат дидааст.
– Аз куҷо медонад, ки маҳз ҳамон мураббияро дидааст?
– Мураббия дар ҳамон бино дар ошёнаи дуюм зиндагӣ мекунад. Пиразан бошад ҳамон лаҳза дар ошхона будааст ва чун тирезаи ошхона ба самти боғча кушода мешавад ва аз он ҷо пиразан баъзан ба бурун таваҷҷуҳ мекунад. Чун чашми вай ба ногоҳ, ба суҳбати ду ҷавон афтидааст, тавачҷуҳаш бештар шудааст. Ба нохост ў духтари ҳамсоя Обидаро дидааст…

пешина
аз 408
навбатӣ