АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Чун бақайдгирии мусофирон аллакай оғоз шуда буд, курсанти дар либоси низоми буда, аз қафои нафари охирини дар қатор буда, ҷой гирифт. Қатор пеш мерафт ва ў низ оҳиста – оҳиста ҷомадонашро пеш мебурд. Чун байни андешаҳои рангини хеш буд, – охирон кист? – гуфтани касе вайро аз он варта берун овард. Аслан, нафари нав омада имконияти пурра дошт, ки бе ягон садои зиёдатии худ дар қатор рост шаваду пеш равад, вале шояд вайро низ ҳамон лаҳза андешае ба сар омада буд.
– Охирон ман,, тутивор ҷавоб дод курсант ва ба тарафи овоз гашт. Гашту… Дигар чӣ гуфтанашро надонист. Ба нафаре, ки тири муҳаббатро дар як нигоҳ ба қалбаш ҷо кард чашм духт.
Рўйи сап– сафед, чашмони осмонӣ, бинии миёна ва теғгадори ба рўяш зебанда, дандонҳои чун садаф, лабони чун ақиқ, қомати баланд, мўйҳои тиллоранги нобофта, ки тамоми тахтапушташро пушида буд дили ўро ба туғён овард…
Ҳолати ўро духтар пай бурд, ки сар ба зер афканд. Дар ҳамин лаҳза нафарони дар қатор буда боз пеш рафтанд ва вай ба ҷуз ҷомадони хеш ҷомадони нафари аз пушташ истодарро низ бардошта пештар бурд. Маҳз ҳамин тавачҷуҳ боиси шиносоии онҳо гардид.
Аз рўйи чипта онҳо дар салонҳои гуногун чо ба ҷо шуданд. Духтар дар салони якум ва ў чун ҳозира дар салони дуюм. Дар паҳлўйи вай марди пир ва духтараки бист- бисту дусолае менишаст. Чун фаҳмид, ки онҳо ҳамроҳ нестанд ба духтар фаҳмонд, ки нав зан гирифтааст, вале аз сабаби набудани чой онҳо…
– Мехоҳед, ки мо ҷой иваз намоем, гуфт духтарак.
– Агар бемалол бошед.
– Чӣ тавр ман метавонам ба бахти шумо зомин бошам,– хандида гуфт духтарак ва чун ҳавопаймо дар само ба хатти парвоз рост шуду чароғакҳои маънкунандаи дохили он хомўш шуданд, духтарак сумкачаашро гирифта, аз қафои курсант ба салони якум рафт.
Нина, ки аз иллюминатор саргарми тамошои замин буд, баробари шунидани номаш ба тарафи овоз гашт. Дар роҳрав Александрро ҳамроҳи нафари дигаре дида, шояд ҳамаи мардҳоро дар ҳамон як лаҳза булҳавас мехонд, агар Саша ноайён ба тарафаш чашмак намезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор