АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ба ҳар зане, ки аз кўча гузашта истода ба тарафаш меомад бо шубҳа менигарист.
Ду нафар корманди милиса аз тарафи муқобил рафта, дуртар аз автомашина истоданд. Аз баски тамоми ҳайати гурўҳ дар либоси ғайринизоми буданд, шубҳаеро ба вуҷуд наоварданд.
– Рухсат диҳед ман равам? – гуфт Чередниченко.
– Зинаида Андреевна дида истодаед, ки ў таппончаро дар ҳолати омодагӣ нигоҳ дошта истодааст. Мо бошем ба ҳар як тори мўятон ҷавобгарем.
– Таваккал нар бувад андеша модда, ин мақоли шумо тоҷикон аст, – гилаомез гуфт Зина.
– Таваккал ҳам ҷо доштагист ба фикрам.
– То шумо фикр мекунед, ки ў баромада меравад.
– Аз ин ҷо ўро дигар роҳи гурез нест, вале ба ҳар ҳол ман тамоми ҷавобгариро ба зимма мегирам, – бигузор гуфти шумо шавад.
Онҳо лаҳзае рафти амалёти охиринро муҳокима намуда, Зинаро сар доданд.
Ў аз зинапояҳои ресторани “Помир” оҳиста – оҳиста ба поён қадам гузошт. Ҳарчанд аввали моҳи декабр бошад, ҳам ҳаво сахт хунук буд. Сорбони Ҳомид се – чор қадам пештар аз Зина мерафт. Ду нафари дигар дар ҳамин масофа аз қафои Зина буданд.
Сорбони Ҳомид аз паҳлуи Оқил Нуров гузашта истода дид, ки ҳушу хаёли ў ба зани аз қафо омада истода нигарон аст. Ў қадамониашро сустар кард...
– Мебахшед, намегўед соат чанд? – пурсид Зина.
Нуров ҳарчанд соат дошт, вале гуфт соат надорад.
– Ман дўсти Худойназаров.
– Ту!
– Ҳа, ман.
– Ана, ба ту гўён, ў таппончаро аз ҷайбаш кашидани буд, ки касе аз қафо дасташро тоб дод...
Садои тир хомўширо халалдор кард ва хайрият, ки ба касе нарасид.
– Ором шавед, рафиқ Нуров, дар замин эҳтиёт шарт, – гуфт Сорбони Ҳомид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор