Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оқил Нуров гўшакро ба ҷояш монда, саросемавор ба поён давид. Чун калидро аз қуттии почта дарёфт рангу рўяш канд.
Аз зинаҳо поён фаромада, дари таҳхонаро кушоду лаҳзае дар ҷояш шах шуда монд. Тамоми анҷоми таҳхона тагу рў карда шуда буд. Дипломати пулҳо кушода тамоми ашьёҳои тагурушуда мехобид. Ў маҷоли ҳаракат кардан надошт. Ниҳоят ба ёд овард, ки ба ҷойи вохўрӣ рафтан лозим ва бо азобе вориди таҳхона шуд. Чўбҳои боқимондаро яктарафа карда, қоғазпечро гирифту ва аз таҳхона берун шуда дарро қулф намуд.
Ў аз зинаҳо боло баромада вориди хона гардид ва аз болои дар мўзаро фароварда таппончаро гирифт.
«Астағфурилоҳ, гўй хунрезӣ бас», – нидо омад аз қалбаш.
Вале ў чизеро нашунид. Пулҳоро ба халтае андохта таппончаро омодаи тирандозӣ намуда, дар предохранитель9 гузошта ба ҷайб андохта халтаро гирифта аз хона берун шуд.
Чун ба автомашина нишаст бори дигар ба соат нигарист.
То вохўрӣ сенздаҳ дақиқа вақт монда буд. Ў моторро ба кор андохта ба роҳ баромад. Дар ин бора дидбонгоҳи дуюм ба Марказ хабар дод...

– Ана омад, – гуфт Зина ба тарафи “Волга”– и сафед ишора карда.
– Чаро дасти росташро аз кисса намегирад? – пурсид нозири минтақавӣ Ҳукумов.
– Чунки таппончаро дар ҳолати омадагӣ нигоҳ медорад, – гуфт Сорбони Ҳомид.
– Ман равам? – пурсид Чередниченко.
– Не.
– Чаро?
– Барои дастгир кардани ў ҳамаи асосҳои кофӣ ҳастанд ва мо ҳуқуқ надорем, ки ҷони шуморо дар хатар монем.
Оқил ба таги ҳамон чаноре ки чанде пеш ба вохўрии “дўстӣ” Худойназаров омада буд, баробари расидан истод ва бори дигар ба атроф нигарист. Дасти росташ ҳанўз дар киса буд.

пешина
аз 408
навбатӣ