Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Пас он шаст ҳазор сўми дар танҳхона пинҳон кардагӣ аз Шумо нест.
– Чӣ гуфтед?
– Он чӣ шунидед.
– Гўшакро намонед ман ҳозир...
…
Оқил ҳарчанд калиди таҳхонаро ҷустучу кард, наёфт, вале ба ҳар ҳол давида ба поён фаромад ва дарро маҳкам дида.
Дилаш каме ҳам бошад осуда шуд, шояд ҳамин хел пешгири кунад, андешид ў ба худ.
– Алло, алло...
– Ҳа, ман.
– Чаро хомўшед?
– Ту аслан кистӣ? Чаро бо муаммо гап мезанед?
– Гуфтам– ку дўсти Худойназаров.
– Эй дар падари...
– Нағз не, ин хел сухан гуфтанатон рафиқ Нуров.
– Чи хел шарм накарда маро боз рафиқ мегўед.
– Ором шавед ва гўш кунед. Аввалан ки ин сар амон бошад, кулоҳ ноёб нест. Он шаст ҳазор сўми дар дипломат мондаатон аллакай дар дасти ман. Калиди таҳхона дар қуттии почтаатон. Агар ман ҳамаи он ҳаштод ҳазорро меёфтам ҳоҷат ба зангзанӣ набуд. Барои он ки ту дўсти маро ба он дуньё фиристодӣ ба иввази ҷони ҷавонаш ман аз ту ҷуброн талаб мекунам. Яъне ба зами ҳиссаи Маҳмуд тамоми ҳиссаи худатро... Фаҳмо!
– Фаҳмидам.
– Агар фаҳмида бошед гўш кунед, тамоми гуфтугўи ҳозираро ман ба лентаи овоз сабт намудаам ва агар боз ягон нағмаи зиёдати кунед, дониста бошед, ки писари ман мактуби ман ва он лентаи овозро ба милиса бурда медиҳад. Акнун баъди ним соат дар ҷойи вохўрии пештара вомехўрем...
– Ман шуморо чӣ хел шиносам?
– Ин аҳмият надорад, чунки ман шуморо мешиносам ва онрўз дар ҷойи вохўрӣ хело наззораатон намудан, то замоне, ки рафта ба он Волгаи ялаққосӣ шишита рафтед. Акнун аз пайи кор шавед, ҳамагӣ ним соат вақт ба шумо...
Зина гўшакро ба ҷояш монда оҳи сабуке кашида гуфт:

пешина
аз 408
навбатӣ