АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Соате пас дар бинои шуъбаи корҳои дохилӣ ҳар ду дар алоҳидагӣ оид ба нақши худ дар ин бозии калон ҳисобот медоданд...
Субҳ Оқил ба ҷойи вохўрӣ, ба он ҷойе ки дирўз Светаро фароварда буд омад. Ў қариб як соат интизор шуд, вале Света наомад ва ниҳоят ба “Волга” нишаста, ба хонааш рафт.
Дидбонгоҳи рақами дуюм дар ин бора ба Марказ хабар дод...
Баробари дарро кушодан садои занги телефонро шунид ва саросемавор даромада гўшакро бардошт. Ў мехост ки овози Светаро шунавад, вале...
– Ин ман дўсти Худойназаров.
– Гўш мекунам...
– Вохўрдан лозим.
– Кай?
– Баъди ним соат.
– Дар куҷо?
– Дар ҳамон ҷойи пештара.
– Имрўз наметавонам.
– Набошад, фардо дар милиса вомехўрем.
– Аблаҳиро монед!
– Хоҳед, ки амон бошед, пулҳоро ду тақсим, намоед!
– Чаро шантаж мекунед, аз қонун наметарсед?
– Агар шантаж бошад, марҳамат, ба милиса хабар диҳед.
– Не, ман шикоятро дўст намедорам ва ба зами ин аз болои зан шикоят кардан ба мард зебанда нест.
– Ҳис мекунам, ки оқибати корро дарк кардаед.
– Гуфтам– ку вохўрем, ҳамааш маълум мешавад.
– Шубҳа надорам, он чи ки айён аст ҳоҷат ба баён нест.
– Аслан шумо ба Маҳмуд чӣ мешавед?
– Ба ҳурмати арвоҳаш номашро танҳо нагиред, худораҳматӣ гуед, охир ба шарофати ў шумо соҳиби ҳаштод ҳазор сўми муфт шудед.
– Ин гапҳоро мон, ман на он шахсе ҳастам, ки барои пул шуда қасди ҷони кас намоям. Бовар кунед, то ҳоло мурчаеро озор надодаам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор