АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Расул Муллоев баъди ҳавои тоза гирифта баргаштан дар остонаи утоқи кориаш садои занги телефонро шунида, саросемавор қадам монда, гўшакро бардошт.
– Ин ман.
– Гўш мекунам.
– Ман худи ҳозир ба хонаи Хумор меравем ва шуморо он ҷо интизор мешавам.
– Лаҳзае пештар гуфтед, ки Зариф меояд?
– Омад омадан гирад, барои ман аҳмият надорад. Хонаро ҳамроҳи худ намебарам– ку. Беҳтар он аст, ки лаҳзае ҳамроҳи шумо бошам.
– Не, ман имрўз омада наметавонам. Имрўз маҷлис дорем.
Шояд то рўзи шанбе сабр намоӣ.
– Не, ман туро дидан мехоҳам ва худи ҳоло ба он «ҷангали анбўҳ» меравам то аз чашми ҳама дур ҳамроҳи шумо бошам.
– Ман кўшиш мекунам, вале ваъда намедиҳам, агар имконият шуд меоям.
– Ба ҳар ҳол кўшиш намо сайёди ман…
Шояд дар дунё аз хабари нохушро расонидан кори вазнинтаре набошад. Субҳи ин рўзи чоршанбе Камолиддинов марде, ки як умр бо илм даст ба гиберон аст, худро музтару бечора ҳис кард. Ў намедонист, ки чӣ хел хабари нохушро ба гўши ҳамсари Боқиев расонад. Боре ҳам дар хонаи Боқиев набудааст. Фақат ронандааш Алишер манзили Боқиевро медонистааст. Алишер тахминан баъди 15 дақиқа автомашинаро дар назди бинои чорошёнае боздошт.
Ҳамин тавр онҳо чанд дақиқаи дигар дохили автомашина хомўш истоданд.
– Ҳамин хел меистем, – нохост хомўширо вайро кард директор.
– Ҳаёт Алиевич ба фикрам бе иштироки зан мо худамон ягон кор карда наметавонем. Биёед беҳтараш ягон ҳамсояро ба худ барем ва якҷоя ҳамсари Боқиевро ҳамроҳи як – ду ҳамсоя бо ягон баҳонаи дигар ба ташхисгоҳи тиббии судӣ барем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё