Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ва онҳо аниқ, медонанд, ки ин вохўриҳо дар ҳамон хонае гузаштааст, ки мо ба он таваҷҷўҳ зоҳир намудаем.
– Не, ягон иштибоҳе ин ҷо нест ва мо худамон ин тарафи масъаларо санҷида баромадем ва бигзор ин тарафи масъаларо лейтенанти калон (ба тарафи Сорбони Ҳомид ишора кард Сендеров) шарҳ диҳад.
– Канӣ, рафиқ лейтенанти калон, гап занед.
– Вақте ки мо аниқ боварӣ ҳосил кардем, ки дар ҳақиқат манзили Иброҳимови ба хориҷа рафта ҷойи вохўрии зану марде гаштааст ба хулосае омадем, ки худи соҳибхона пеш аз ба хориҷа рафтан калиди хонаашро ба ягон нафаре аз онҳо ва ё аз хешу таборонаш додааст. Сараввал бо ҳамаи он истиқоматкунандагони бино суҳбат кардем. Истиқоматкунандагон Иброҳимовро намешиносанд. Ў ҳамагӣ дар бинои мазкур камтар аз як моҳ зиндагӣ кардааст. Аммо ҳамсарашро аз нисф зиёди ҳамсояҳо мешинохтаанд. Чун мо боварии кул ҳосил кардем, ки Иброҳимов дар маҳали зисташ ба касе калиди хонаашро надодааст, доираи кофтукови хешро васеътар намуда, хешу ақрабои соҳибхонаро муайян кардани шудем.
– Дар ин ҷода мо ба он муясар шудем, ки хоҳарарўси Иброҳимовро муайян намоем, – ба гап ҳамроҳ шуд Сендеров. – Ҳарчанд то кунун бо он кас ҳамсуҳбат нашудаем, дар он ақидаем, ки калиди хонаи Иброҳимов маҳз дар дасти ҳамин хоҳарарўсаш ҳастанд…
– Дар ин ҷо ман бо шумо ҳамақида буда наметавонам.
– Мефаҳмам, рафиқ майор. Охир мо ҳам мефаҳмем, шаъну шарафи инсон аз ҳама боло меистад, вале мо бар он такя мекунем, ки Иброҳимов ба ҷуз калидҳояшро ба хоҳарарўсаш додан имконияти дигаре надошт. Албатта, новобаста аз он ки хонаи Иброҳимов дар ошёнаи охирон асту дари оҳанин дорад ва ба қавле он барои ҳама гуна дузд дастнорас аст, вале аҳён – аҳён ҳам бошад, ягон кас хонаро бояд хабар гирад.
Дар ҳамин вақт телефон занг заду муколамаи сардору зердастонаш нотамом монд.
– Гўшам ба Шумо рафиқ полковник, – баъди салом гуфт Абдуҷаббори Ислом.
– Хўш, хўш… Шояд иштибоҳ шуда бошад?

пешина
аз 408
навбатӣ