Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гузашти айём ҳам захми дили ўро тоза карда натавонист…
Тирамоҳ, мавсими хазонрез буд. Шамол аввалин қатраҳои борони барфолудро ба дару тирезаҳо зада, аз омад– омади зимистон дарак медод. Баробари торик шудан борон ба барф мубаддал шуд… Сабоҳат дар сари гаҳвораи фарзанди дуюмаш Моҳрў нишаста буд. Шавҳараш Саттор газета мехонд. Ин вақт телефон занг зад. Онро писарчаашон Ғаффор бардошт…
– Дада, дадаҷон. Шуморо мепурсанд.
Саттор рўзномаи дар дасташ бударо як сў гузошта, ба назди телефон рафт. Сабоҳат, ки ҳанўз дар сари гаҳвора буд, саволҳои шавҳар «Кай? Дар куҷо? Чӣ хел?»– ро шунида, дигаргуниеро дар пурсиши шавҳар ҳис кард ва аз сари гаҳвора хеста, ба назди телефон омад.
– Ҳозир меоям, – гўён Саттор гўшакро ба ҷояш гузошт.
– Чӣ гап шуд?
– Тинҷӣ, тинҷӣ, – гуфт хавотиромез шавҳар. – Дар яке аз ноҳияҳо автомашинае ба ҷарӣ рафтааст, ман бояд он ҷо равам.
Саттор яке аз криминалистҳои беҳтарини ҷумҳурӣ борҳо ба ҷойи ҳодиса рафта буд ва зан ба ў бовар кард…
Ва дурўғ гуфт Саттор. Ин аввалин дурўғе дар давоми ёздаҳ соли зиндагии якҷояашон буд, вале дигар илоҷ надошт вай.
Баъди лаҳзае ў аз хона баромад. Барф аллакай заминро сафед карда буд… Сабоҳат аз тиреза дид, ки шавҳараш ба автомашинаи милиса, ки дар чунин мавридҳо барои бурдани ў меомад, нишаст. Дилаш каме ором шуд.
Ронанда Сатторро рост ба фурудгоҳ бурд ва ў худи ҳамон шаб ба Рига парвоз кард…
Баъди се шабонарўз ў ҷисми беҷони падарарўсро ба Гулистон овард ва Сабоҳат шавҳарро дар хонаи падар дида, акнун фаҳмид, ки он телефон ва ба «командировка» рафтани шавҳар бесабаб набудааст…
Телефон занг зад. Гўшакро Сабоҳат Сафарзода бардошт.
– Гўш мекунам… ҳа, Акбаршоҳ, ин Шумо? Дар вақташ занг задед. Илтимос, ба идора биёед… Барои воқеаи ду рўз пеш узр мепурсам… Ҳа, фарбеҳиро гўсфанд бардоштааст… Чӣ илоҷ, аз дасти мо бандаҳои аввом чӣ ҳам меояд… Ба дил нагир, писарам.

пешина
аз 408
навбатӣ