АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Аз ин рў, дивизия дар як муддати кўтоҳ ба маҳали заводи Шанск ва Доманов баромад ва ба самти Вязма ҳаракат кард. Дар ин муҳорибаҳо сержант Сафаров Абдулло ва ефрейтор Мардонов Латиф барои гирифтани мукофоти ҳукуматӣ пешбарӣ шуданд.
3– 4 феврал қувваҳои асосии армияи 33– ум дар ҳайати се дивизия (дивизияҳои 113, 160 ва 338– ум) ба даромадгоҳи Вязма расиданд. То ин вақт ҳайати фармондеҳи немисҳо аз мамлакатҳои забткардааш ба маҳали Вязма захираҳои калон овард ва аз паҳлў ба армияи 33 зарба зада, онро дар муҳосира гирифт ва хатти мудофиавии худро дар дарёи Угра барқарор кард.
Ягона воситаи наҷот ин бо роҳи ҳуҷум аз муҳосира баромадан буд…
Нокомиҳои аввалин дар дили Тешаи Санг тарсу ҳаросро ҷой кард ва иродаашро аз даст дод. Ў, ки дар синну сол нисбат ба Абдулло ва Латиф калонтар буд, дар алоҳидагӣ бо ҳар кадоме вохўрда, онҳоро барои ба тарафи душман гузаштан тарғиб кард. Чун ҷавоби рад гирифт, гуфт, ки онҳоро санҷидааст. Абдулло ва Латиф ба хотири бадном насохтани ҳамшаҳриашон ҳатто ба ҳамдигар ҳам даҳон накушоданд ва ба қавле «сирри мардон пўшида» гуфтанд…
Генерал Ефремов ба воситаи мухобира аз штаби генералӣ фармон гирифт, ки бо ҳуҷум дарёи Уграро рахна карда, ба шаҳри Киров ақибнишинӣ кунад…
«Аз ин фурсати муносибтаре нест», – андешид худ ба худ Тешаи Санг.
Дар яке аз рўзҳои охири моҳи апрели соли 1942 армияи 33– ум барои аз иҳотаи немисҳо баромадан, ба тарафи дарёи Угра ба ҳуҷум гузашт, вале аскари қаторӣ – Тешаи Санг аз камингоҳ (окоп) набаромад…
Армия бо хунрезӣ ва талафоти зиёд душманро шикаст дода, аз дарё гузашт. Тешаи Санг бошад, он ҷо монд… Ба ивази ҷон ғуломи ҳалқабаргўши душман шуд…
... 9 …
Пас аз гирифтани хулосаи ташхиси баластикӣ муфаттиш
Сафарзода сару калобаашро гум кард. Ў ҳеҷ гумон надошт, ки баъди сенздаҳ сол қотили падараш аз нав ба саҳна мебарояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо