Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Прокурори ноҳия Сулаймонӣ беҳуда санҷиши ин парвандаи ҷиноятиро ба зиммаи ў нагузоштааст. Вай мефаҳмид, ки Сабоҳат ба мисли буттаи даргирифтааст ва беҳтар аз ў касе ғаму дарди оилаи Латифи Мардонро дарк намекунад. «Сенздаҳ сол пеш айнан чунин воқеа ба сари оилаи Сабоҳат Абдуллоевна омада буд ва то имрўз ў ҷўёи қотили падар аст», – аз дил гузаронд Сулаймонӣ.
Садои занги телефон прокурорро аз банди андешаҳо вораҳонд.
– Сулаймонӣ гўш мекунад.
– Шеф, баъзе масъалаҳоро муҳокими кардан даркор, – баъди салому алайк гуфт соҳиби овоз, – агар вақтатон бошад, ману капитан Абдумаҷидовро қабул кунед.
– Пас аз як соат ба назди ман дароед, – гуфт прокурор ва гўшакро ба ҷояш гузошт.
Расо дар вақти таъйиншуда Сабоҳат Сафарзода ва Абдумаҷидов вориди утоқи кории Сулаймонӣ шуданд.
– Хўш, гўшам ба шумо.
– Азбаски то ҳанўз натиҷаи ташхиси баластикӣ маълум нест, ба хулосаи аниқ омадан душвор, вале ба пиндори мо (Абдумаҷидов низ дар назар аст) қотилу марҳум шиноси деринаанд, – гуфт Сафарзода.
– Инро аввал исбот кардан лозим, гапи хушку холиро ба ягон ҷо дўхта намешавад.
– Куштор ба мақсади ғоратгарӣ инкор мешавад, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд Абдумаҷидов.
Қотил танҳо барои ошкор нашудани сирраш ба ҷиноят даст задааст.
– Яъне?– сухани ўро бурид Сулаймонӣ.
– Ҳангоми аз хонаи духтараш баромадан шояд, ба қотил рў ба рў шудааст. Аз ин вохўрии ногаҳонӣ, ки ҳарду интизор набуданд, дасту по хўрда, эҳтимол саргузаштеро ба ёд оварданд, ки ҳардуро бо ҳам мепайваст. Қотил худро ба нодонӣ зада, роҳашро давом дода ва чун дидааст, ки Мардонов аз қафояш дар масофаи начандон дур назорат мебарад, якбора аз паҳлуи деворе, ки дар охири қабристон ҷойгир аст, гузашта, аз назар пинҳон шудааст.

пешина
аз 408
навбатӣ