АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Якравии зан ба шавҳар айён буд, аз ин рў шўхиомез даст бардошт.
– Ана, ҳамин хел, ҷони ширин, муқобилат фоида надорад, таслим шудан беҳтар аст. Охир беҳуда нагуфтанд: «Моргазидаро хоб мебараду гуруснаро не».
– Чӣ, мехоҳед, ки маро хоб барад?
– Не, ман ин хел нагуфтам.
Ҳарду ба ошхона даромаданд. Наташа дар сари дастурхон аз воқеаҳои рўзҳои охир, ки сабаб шуданду муддати се шабонарўз шавҳараш ба хона омада натавонист, огоҳ гашт.
– Агар рафту бо сабабҳои аллакай маълум барои рафтан ба ман рухсатӣ надиҳанд, пас чӣ кор кунем?
– Намеравем!
– Не. Шумо бояд равед, баробари имконият ёфтан ман ҳам расида меоям.
– Бе шумо ман чӣ хел меравам?
– Охир, шуморо гург намехўрдагист.
– Эй, Акбар, Акбар, барои ман он ҷо биҳишт аст, ки ҳамроҳам бошед. Бе шумо майли биҳиште надорам…
Наташа магар аз ин суханони гуфтааш шарм кард, ки чашмашро аз чашми шавҳараш гурезонида сарашро хам кард.
Ҳис кард, ки рухсораҳояш оташ гирифтанд. Шавҳар даст ба гардани ў бурда, сарашро бардошт ва рост ба чашмонаш нигарист. Нигоҳҳо ба ҳам бархўрда, дастҳо ба камару гардан ҳалқа шуданд, лабҳо моили ҳам гашта, ду тан гўё як гардид…
Наташа дасти шавҳарашро дошта, оҳиста ба рўйи шикамаш бурд ва дар гўши ў пичиррос зад:
– Фарзандро навозиш кунед!
Аз ин сухан Акбаршоҳ чунон ба ваҷд омад, чунон нидои хурсандӣ кард, ки Наташа ўро дар ин ҳол ҳеҷ вақт надида буд.
Онҳо ҳамдигарро сахт ба оғўш гирифта, оламу одамро фаромўш карданд…
... 6 …
Дар атрофи марги Латифи Мардон, ки як муаммои
сарбастае барои тафтишот буд, ҳама майна об мекарданд. Аз
ҳама бештар муфаттиши прокуратураи ноҳияи Гулистон,
машваратчии адлияи дараҷаи сеюм Сабоҳат Абдуллоевна Сафарзода, ки санҷиши парвандаи мазкурро ба ўҳда дошт, ҳайрон буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо