АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ў ҳеҷ гумон надошт, ки Саид гўшаки телефонро мебардорад.
Агар дигар кас занг мезад, Саид эҳтимол бовар намекард.
Ўро як фикр ҳеҷ ором намегузошт. Чӣ тавр ва ба кадом мақсад Ирина ба Душанбе рафтааст?…
Он рўзи якшанби 30 март онҳо хело шаҳрро тамошо карданд. Ирина аз ҳарвақта дида ба назараш зеботар намуд.
Бегоҳӣ ҳарду лакоту хаста ба хобгоҳ омаданд. Пас аз тановули шом ў Иринаро ба дискотека таклиф кард.
– Не, намеравам, – қатъӣ гуфт духтар.
– Чаро?
– Гўё намедонӣ, – табассуме кард Ирина ва дасти ўро гирифта болои шикамаш монд.
– О, ин ба рақс монеъ мешавад магар?
– Албатта. Намедонам падару модарат маро дар чунин аҳвол қабул мекунанд ё не?
– Ин ҷо падару модарам чӣ дахл доранд?
– Биё мон, инро ақаллан ба касе гўй, ки урфу одати шуморо надонад.
– Чӣ хаёл мекунӣ, ки туро дар нимароҳ мепартоям?
– Не, барои чунин хаёл асос ҳам надорам.
– Умуман дигар рақс намекунӣ?
– Не, бе рақсу суруд ҳам намешавад охир, бо чунин аҳвол ба дискотека8 рафтан хуб нест… Ў аз ҷой бархоста тугмаи магнитафонро пахш кард. Мусиқии дилошўби тоҷикӣ дар фазои хона танинандоз гашт. Ирина хиромон– хиромон назди Саид омад ва ўро ба рақс баровард.
Вақте ки ҳофиз суруди:
Илтиҷо дорам, ки мўятро мабур, Кокулони мушкбўятро мабур,– ро иҷро кард Ирина худро аз оғўши Саид раҳонида бо тамоми қувва чарх зад ва мўйҳои то камар хамидаи ў алвонҷ хўрда ба ҳуснаш ҳусни нав зам намуданд…
Илтиҷо дорам, ки мўятро мабур, Кокулони мушкбўятро мабур… ба суханони ҳофиз ҳамроҳ шуд Саид. Ва Ирина ин илтиҷойи Саидро на як бору ду бор шунида аз он ҳатто лаззат бурда буд.
Вале…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё