АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Тахминан баъди ним соати рафтани Жулёв Абдумаҷидов ба прокуратура омад.
– Медонед– чӣ рафиқ капитан, Николай Григоревич ин ҷо буд, – гуфт Шарифӣ.
– Кадом Николай Григоревич?
– Жулёв.
– Жулёвро ман фиристодам.
– Ҳа.
– Худам чанд рўз боз аз ў гурехта гаштам.
– Чаро?
– Як муаммо ба ман гуфта буд…
– Ба ман ҳам як муаммо гуфт. «Шиш»6 чист.
– Онро чӣ хел гуфт?
– Андак сабр кун ҳоло ба ёд меорам: «муайян кардани ин тарафаш вазифаи Шумо ва «Шиш» аст.
– Ў ба ҷойи «Шиш» маро дар назар доштааст.
– Чӣ хел?
– Ман дирўз нохост Назар Назирзодаро дидам, ба ёдатон ҳаст.
– Бале.
– Ба ёдам омад, ки ба наздики рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Ба ин муносибат ўро табрик намуда, дар омади гап ҳамин муамморо пурсидам.
– Чӣ гуфт?
– Хандида гуфт, ки дар Руси қадим шахси ҷўяндаро дар жандармерӣ ва ё полис «Шиш» мегуфтанд.
– Эй, офарин!
– Офаринро ба ман не, ба Назар Назирзода7 гўйед.
– Акнун Жулёв аз мо як зиёфат қарздор.
– Беҳтараш мўйсафедро ҳамроҳи Назар Назирзода ба меҳмонӣ даъват мекунему баъди анҷоми меҳмондорӣ ба муаммояш ҷавоб мегўем.
– Ман розӣ, фикри бад не.
... 20 …
саид Хуррамов аз ҳодисаи ба сари Ирина омада, аз занги телефонии Анастасия Петровна огоҳ шуд. Дар лаҳзаи охирини пеш аз парвоз ба Душанбе Ковалёва ба хулосае омад, ки ба Саид занг занад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё