АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Акбаршоҳ папкаро кушода мактуби Ирина ба Райкинаро гирифта назди Ковалёва гузошт.
Анастасия Петровна мактубро гирифта, аз назар гузаронд ва онро болои миз гузошта гуфт:
– Ин ҳусни хати Ирина нест.
– Инаш чӣ?
Ковалёва навиштаҷоти болои расми Иринаро дида гуфт:
– Инаш дар ҳақиқат ҳусни хати ўст.
– Дар бораи Райкина чӣ гуфта метавонед?
– Светлана моро дар фурудгоҳ пешвоз гирифта гуфт, ки аз ҳодисаи ба сари Ирина омадаро аз оинаи нилгун шунидааст ва субҳи фардояш ба милисия рафта гуфтааст, ки Иринаро мешиносад…
– Ягон ҷо маскан гирифтед?
Светлана моро ба хонааш таклиф кард, вале таклифашро рад намудем, ҳоло дар меҳмонхонаи «Вахш» ҷой гирифтаем…
... 15 …
Ёров плани иловагии корҳои таъҷилии ҷустуҷўиро, ки бо назардошти нишондоди Ковалёва Анастасия Петровна тартиб дода шуда буд, бе ягон дудилагӣ тасдиқ намуда гуфт:
– Тафтишот тамоман ба самти дигар рафт – ку?
– Дарё худаш маҷрояшро меёбад, – гуфт Абдумаҷидов.
– Наход сабабгори марги Королёва ҳамон «қанд»– ҳо бошанд?
– Анастасия Петровна дар ҳамин ақида аст.
– Шумо аз назарияи пештараатон дар бораи Саид даст мекашед?
– Ҳоло не?
– Пас ин чӣ хел мешавад?
– Аз рўйи ҳарду назария кор кардан лозим, он тарафашро тафтишот муайян мекунад.
Ҳамроҳи муфаттиш масъалаи ба ташхис фиристодани қандҳоро ҳал намоед. Ба Шарифӣ гўед, ки масъалаи ташхиси хатшиносиро ҳам дида барояд. Дар воқеъ оё ягон намунаи дигари хатти мақтулро ба даст овардед?
– Не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё