Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипас, дар бораи ҳуқуқу вазифаҳои шахси холис гап зада гуфт, ки ҳоло ҳарду қандро дар ҳузури шумо мешиканем. Акбаршоҳ бо эҳтиёт ҳарду қандро шикаст, ки аз дохили ҳар ду оҳани зарди ба тилло монанд болои миз афтиданд. Тааҷҷуби холисонро ҳаду канор набуд. Онҳо гоҳ ба оҳанметалҳои зард ва гоҳ ба Анастасия Петровна менигаристанд… Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ онҳоро ба халтае андохта маҳкам намуд. Инчунин ў протоколи гирифтани далелҳои шайъиро дар ду нусха тартиб дода, пас аз имзои якҷояи холисон, худашу навбатдор ва Анастасия Петровна нусхаи онро ба дасти Ковалёва дод ва бо холисон хайрухўш намуда, аз Фозилов хоҳиш намуд, ки онҳоро гусел намояд…
Лаҳзае фазои кабинетро хомўшӣ фаро гирифт. Акбаршоҳ хомўширо вайрон карда гуфт, ки эҳтимол ҳамин қандҳо боиси марги Ирина шудаанд.
– Ман ҳам дар ҳамин ақидаам, – гуфт Анастасия Петровна.
– Шояд Саид?
– Не, ў аз Харков набаромадааст.
– Шояд Саид ба таври ростхата нею…
– Ин ҳеҷ мумкин нест, – сухани ўро бурид гуфт Королёва.
– Саид дар бораи ташрифи Ирина ба Душанбе хабар дорад?
– Не, Ирина ба фикрам ўро ҳам фиреб додааст…
– Ба кадом мақсад?
Ин барои ман ҳам муаммост, – оҳ кашида гуфт Ковалёва.
– Медонед, ки Ирина дар батнаш тифли ҳафтмоҳа дошт?
– Барои донистани чунин ҳодисаи оддӣ мутахассис будан шарт нест.
– Ҳеҷ нагуфта буд, ки падари тифл кист?
– Гуфт ва Саид ҳам инро инкор намекунад.
– Фамилия ва насаби Саид?
– Хуррамов Саид Наврўзович.
– Касб ва ҷойи кораш?
– Ў ҳамсабақи Ирина аст.

пешина
аз 408
навбатӣ