Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ки киштии ғарқшудаистодаро аз ҳама пеш тарк мекунад.
… сухани Фозиловро давом дода гуфт капитан.
– Ба доно ишорат,– хандида гуфт Фозилов.
– Чӣ илоҷ рафиқ лейтенант, агар Шумо киштии ғарқшудаистода бошед, ман мўш будан намехоҳам…
Акбаршоҳро ба ғайр аз донишгоҳ ба донишгоҳ гашта, расми мақтулро нишон додан, дигар чорае набуд, чунки сардори шўъба ба яке аз бандҳои плани пешниҳодкардаи ў, ки аз рўйи он мебоист ба воситаи матбуот ва телевизион ба мардум муроҷиат мекарданд, ба ранги сиёҳ хати батлон кашида буд…
Боз се рўзи дигар дар ҷустуҷўй сипарӣ шуду натиҷае ба даст наомад. Аз ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ ба хабарномаҳои фиристодаи ў ҷавоби якхела меомад: «Дар ноҳияи мо ягон ҳадисаи гумшавии шахс ба қайд гирифта нашудааст. Расми занро ягон кас нашинохт. Баробари гиреҳе ба даст омадан ба таври илова ба шумо хабар медиҳем»…
– Ана, акнун ёбеду гиред, – аз дил гузаронд капитан ва гузориши муфассале навишта, субҳи рўзи панҷуми содиршавии ҷиноят боз ба назди Ёров даромад.
Сардор гузориши ўро хонда гуфт:
– Хайр, агар ҳамин матбуот ва телевизион ягон ёрие расонда тавонанд, ман розӣ ва ба гўшаи гузориш имзо гузошт.
Худи ҳамон бегоҳ дар охири барномаи «Ахбор» диктор муроҷиати Шўъбаи корҳои дохилии ноҳияи Гулистонро ба мардуми ҷумҳурӣ бо нишон додани расми мақтул қироат намуд.
Беҳуда нагуфтаанд, ки «сад задани сўзангару як задани оҳангар» ва ба бузургии ин ҳикмат на танҳо ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ, балки сардори шўъба Ёров, ки рўзҳои аввал муқобили ба воситаи телевизион ба мардум муроҷиат намудан буд, тан дод.
Субҳи рўзи дигар вақте ки Абдумаҷидов ба кор омад, духтараки малламуе дар назди идора менишаст. Капитан саломи духтарро алек гирифта вориди бино шуд.
– Ҳа, рафиқ капитан то номатон аз телевизион садо дод, ки як паризод ба ҷустуҷўятон омад– ку.

пешина
аз 408
навбатӣ