Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў ба ошёнаи дуюм баромада, вориди утоқи кориаш шуд.
То саршавии кор плани чорабиниҳои ҷустуҷўиро тартиб дода, баробари ба идора омадани Ёров онро барои тасдиқ намудан ба наздаш бурд.
Сардор варақҳоро аз дасти ў гирифта гуфт:
– Аз қоғазбозӣ дида аз пайи муайян кардани шахсияти он зан мешудед, беҳтар буд.
– Барои донишгоҳ ба донишгоҳ гашта расми мақтулро нишон додан рафтани ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ шарт нест. Аз ўҳдаи ин кор милисионерони қаторӣ ҳам мебароянд, – гуфт Акбаршоҳ.
– Милисионерони қаторӣ донишгоҳ ба донишгоҳ гарданду шумо дастҳоро болои ҳам монда шинед. Ё, ана, ин хел қоғазҳоро сиёҳ карда, ба назди ман биёред! Шумо аз дигарон беҳтар нестед. Фаҳмо?
– Ин ягон ихтирооте нест. Он чи ки ман аз дигарон беҳтар нестам ба фикри шумо розиям. Метарсам, ки рўзе ақидаатонро дигар накунеду маро аз дигарон бадтаред нагўед.
– Чиро дар назар доред?
– Ҳеҷ чизро. Фикр мекунед, ки модоме сардоред ҳуқуқ доред, ки шаъни зердастонатонро паст занед. Ман тайёрам, ки аз милиса равам, ҳарчанд ин кор бароям гарон меафтад, вале ба шумо имконият намедиҳам, ки шаъну шарафи маро паст занед.
Инро фаромўш накунед. Акнун ман рафтам, хуш бошед!
– Аввал ба ман қотилро ёфта диҳед, пас масъалаи дар ин вазифа монданатонро ҳал мекунем, – гуфт Ёров ва гўшакро бардошта ба навбатдор Фозилов супориш дод, ки Абдумаҷидовро аз роҳ баргардонад.
Чун ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ вориди утоқи кориаш шуд, навбатдори шўъба ба дар ангушт зад.
– Марҳамат, дароед.
Фозилов ворид шуда гуфт, ки Ёров хоҳиши дидани Шуморо дорад.
– Ман ҳозир аз назди Ёров баромадам ва хоҳиши дигар ба назди ў рафтан надорам. Худаш худашро ҳурмат кунад.
– Акбар Ҳакимович ҳеҷ Шуморо намефаҳмам. Наход дар лаҳзаи душвор коллективро партофта равед… Ин рафтори Шумо ҳаракатҳои мўшро мемонад…

пешина
аз 408
навбатӣ