АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ нашуда муред,– ғунгос зад ў. – Наход бо ҳамон Мелников забон як карда натавонед.
Акнун боз як ҷинояти нокушода. Лаънатӣ медонад, ки сардори нави Раёсати корҳои дохилии шаҳр маро чашми дидан надорад ва бо ҳар роҳе набошад фоизи кушодашавии ҷиноятҳоро паст мекунад. Агар Салом Салимович2 се– чор моҳи дигар кор мекарданд, кафшатро пеши по мемондам. Бо ин андешаҳо ба курсии мулоим такя карда, сигор даргиронд. Ба ин восита мехост ғами дилашро барорад.
Барои Ёров ва ў баринҳо тақдири талхи он духтарак, ки натанҳо ҷон, балки номашро ҳам гум карда буд, фарқе надошт.
Дуди сигор болои сараш фаввора зада, лаҳзаҳои начандон дури зиндагиашро пеши назараш овард…
Баъди хатми факултети агрономи Институти кишоварзӣ ў дар яке аз совхозҳои ноҳияи Файзбор сарагроном шуд. Чанд соле кор кард, вале муваффақияте ба даст оварда натавонист.
Барои иҷро нашудани плани зироаткорӣ ҳамеша зери тозиёнаи танқид буд…
Азбаски корчалон буд, дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ ёру дўстон пайдо кард ва бо ёрии яке аз чунин дўстон ба милиса ба кор омад. Сипас, ғоибона мактаби олии милисаро дар шаҳри Тошканд хатм намуд. Мисли Абдумаҷидов ҳеҷ гоҳ ба рўйи сардор надавида, ҳатто гапи сардорро ду накардааст.
Аз обурўйи милиса дида обурўйи сардорро ҳимоя мекард.
Ба хотири сардор тайёр буд, ки ба ҷойи салла калларо ҳам биёрад. Мефаҳмид, ки нисбат ба капитани милиса Абдумаҷидов муносибати нодуруст менамояд, вале худро нигоҳ дошта наметавонист, чунки Акбаршоҳ дар дониш ва таҷрибаи кори аз ў фарсахҳо боло меистод…
садои гуд– гуди телефон боз лаҳзае давом кард. То ҳанўз дар гўши капитан суханони Ёров «тебе только за смертом послать» садо медоданд. Ў гўшакро ба ҷояш гузошта, аз кабина баромад. Ба милиса рафтан фоида надошт. Абдумаҷидов дар кўчаҳои шаҳр қадам зада, чӣ тавр аз пеши бинои Донишгоҳи педагогӣ баромаданашро нафаҳмид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё