Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳа, Акбаршоҳ дар ин ҷойҳо?
– Устод ба назди шумо омадам, – ў ба ҳурмати Мелников аз ҷой хеста, барои вохўрӣ даст дод.
Мелников ўро ба кабинет таклиф кард ва Абдумаҷидов мақсади омаданашро гуфта дод.
– Духтар аслан ҳаждаҳ– бистсола буда, дар батнаш тифли тахминан ҳафтмоҳа дорад.
– Шояд ҳамин тифл сабаби ба чунин амал даст заданаш шуда бошад?
– Ў худро наовехтааст, ўро аввал буғӣ намуда, пас овехтаанд…
– Маълум мешавад, ки куштор?
– Ҳамин хел, Акбаршоҳ.
– Шояд падари тифл?
– Ин тарафашро муайян кардан кори шумост, писарам.
– Ҳа, дар воқеъ ангушти мобайни дасти рости мақтул обила дорад. Аз ин бар меояд, ки мақтул донишҷў аст.
– Шояд корманди илмист?
– Не синну соли мақтул ба ин намерасад. Ўро танҳо соддалавҳиаш ба марг овардааст.
Чун Акбаршоҳ ба ҳамаи саволҳояш аз устод ҷавоб гирифт, рухсат пурсида аз назди ў баромад. Роҳравон аз телефон – автомати кўча ба Ёров занг зада, ўро аз рафти кор огоҳ сохт.
– Шояд Мелников хато карда бошад, – эътироф кард Ёров.
Охир ў намехост, ки боз як ҷинояти мудҳише нокушода монад ва аз ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ талаб мекард, ки бо Мелников аз нав гуфтугў намояд.
Ҳарчанд Абдумаҷидов мақсади сардорро нағз фаҳмид, вале худро ба нодонӣ зада пурсид.
– Боз чӣ хел гуфтугў будааст?
– Гўё аз он дунё омада бошед. Тебе только за смертом послать1 – гўён Ёров гўшаки телефонро ба ҷояш гузошт…

сардор гумон надошт, ки ҳодиса чунин ранг мегирад, вагарна ҳеҷ гоҳ Абдумаҷидовро намефиристод.

пешина
аз 408
навбатӣ