Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нигор ба соати калони деворӣ чашм дўхт, ба вохўрӣ ҳамагӣ ним соат вақт мондааст.
– Оё ў метавонад, ки барои ташрифи ким кадом як милиса шуда аз вохўрӣ бо дўстдораш даст кашад?
– Ҳарчанд деҳқон нест, вале ташвиши марди деҳқонро борҳо дидааст. Умуман боронро ки мардум онро раҳмати парвардигор мегўянд, боз ҳамин мардум дар он сурат хуш доранд, ки агар ба ҳосили бо арақи ҷабин расониданашон зарар набиёрад. Пайдошавии абрҳо дар осмон ба ҷуз зимистону аввали баҳор дар ҳама дигар ҳолатҳо ташвишу тараддуди марди деҳқонро зиёд мекунад. Ва ташрифи имрўзаи хоҳараш Хумор ва Сорбони Ҳомидро ў ба ҷуз он абрҳои ташвишовар дигар хел арзёбӣ карда ҳам наметавонист.
Занги дар чандин маротиба садо дод, вале ў нияти онро кушодан надошт. Нохост садои зангзанӣ ҳам хомўш шуд.
Нигор аз тиреза дид, ки милисионер аз бино берун омад.
Хурсанд шуд, вале…
Милисионер марди роҳгумзадаеро мемонд. Ў ба соати дастиаш нигариста, ба андешаҳои хеш дода шуда буд. Нигор аз паси пардаи тиреза дид, ки ў ба курсии чўбини пеши бино нишаст ва аз папкааш қоғаз баровард.
Чӣ бояд кард? Рафту онҳо дар дигар ҷойи вохўрӣ дошта бошанд – чӣ? Дар он сурат, албатта, мо ягон чорае дида наметавонем. Ва ниҳоят фикре ба сари ў омада, қоғазу қалам гирифта «рози» дили хешро ба он ифшо намуд ва аз нав ба хонаи Нигор рафт. Нигор ҳар як ҳаракати ўро баръало медид.
Садои занги дар боз аз нав баланд шуд, вале Нигор нигарони дигар чиз буд. Ў гумон дошт, ки милисионер барояш даъватномаро ба қуттии почта партофта меравад, аммо баръакс шуд. Он қоғази сафед аз сўрохи дар пеши пояш афтид.
Нигор ҳамон хел хомўшу боэҳтиёт он номаро бардошта чашм дўхт.
«… Шахсе, ки ним соат пас барои вохўрӣ ба ин ҷо меояд, қасди ҷони Шуморо дорад. Ман бовари куллӣ дорам, ки Шумо ба хотири ў шуда аз худ дарак додан намехоҳед. Ман Шуморо огоҳ намудам. Агар ў хуни Шуморо бирезад, ман на дар ин дунё ва на дар қиёмат онро ба дўш намегирам. Чунки Шуморо огоҳ намудам. Агар маълумоти муфассалтаре гирифтанӣ бошед, дарро кушоед, чунки баъди партофтани нома ман боз се дақиқаи дигар дар пеши дар интизор мешавам.

пешина
аз 408
навбатӣ