Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ӣ бехирадӣ буда, аз кордонӣ гурехтан ин даст кашидан аз манфиат, инчунин, аз наздикшавӣ ба мардум тарсидан нишонаи дур шудан аз онҳо буда, оқибат маҳдудшавии имкониятҳо ва билохира нобудшавии ҳокимияти Шумост.

Хислати фарқкунандаи роҳбар аз корманди оддӣ дар он аст, ки ин арзишҳою мафҳумро на фақат ҳамчун дониш аз худ менамояд, балки ба маънии фалсафии онҳо пурра сарфаҳм рафта, оқибати амалӣ гаштани онро пешакӣ дарк менамояд ва риштаи борики ахлоқӣ ва арзишии олиеро ёфта мегирад, ки ба чашми корманди оддӣ тамоман ноайён аст. Роҳи мақсади олии сарвар бояд ободу шаффоф ва аз ҳама фикрҳои ғаразнок тоза бошад. Баҳонаҷӯии бардурӯғ барои рафтори хеш, аз тарафи роҳбар ин хатои нобахшиданист. Бигузор одамони бадхоҳ мувофиқи шуур ва хоҳиши худ фикру амал кунанд. Аммо сарвари хештаншинос ҳеҷ гоҳ барои сухани мардум рӯҳбозӣ ва ё дурӯягию фирибгарӣ накарда, аз меъёрҳои ахлоқии хеш берун намебарояд. Чуноне ки донишмандони тоҷик доимо таъкид доранд «кору меҳнату молу пули Шумо бояд баъди чанде аз маргатон нобуд шавад, вале ҳақиқат ҳеҷ гоҳ намемирад» ва қувваи рӯҳии фаъолияти роҳбарӣ ҳазорсолаҳо боқӣ хоҳад монд. Гарчанде дар вақти зиндагониатон нофаҳмиие ба миён омада, қурбони тӯҳматҳою дурӯғ гашта бошед ҳам, баъд аз чанд муҳлате қувваи бузургу абадии ҳақиқат, боз ғалаба карда, Шуморо дар мақоми худ мегузорад. Роҳбар дар ҳеҷ ҳолат, ба хотири касе ва ё чизе аз ҳақиқат бояд дур нагардад ва дар ақидаю роҳи интихобкардаи хеш устувор бошад. Бинобар ин, барои гум накардани устуворӣ ӯро зарур аст:

  1. Пайваста дониш омӯхтан;
  2. Доимо меъёр ва маҳдудиятро нигоҳ доштан;
  3. Ҳақиқатро дар ҳақиқат қабул доштан;
  4. Дар муқоиса ва таҳлили ақлонӣ қарор додани рафтори хеш;
  5. Дар роҳбарӣ ҳушёру зирак ва адолатхоҳ будан.

Устувории қувваи роҳбарӣ ин натиҷаи бевоситаи нерӯи хештаншиносӣ ва таъсири он ба олам буда, ганҷинаи бебаҳои тамомнашавандае мебошад, ки дар чоҳи чуқури маърифат ҷойгир шуда, охираш бар касе дастрас нест. Аммо ибтидои риштаи онро сарвари донишманд метавонад дарёбад. Агар ба Шумо чунин муваффақият ёр гардад, низому устувории роҳбарӣ ҷорӣ гашта, аз ин ганҷина бархӯрдор мегардед.

пешина
аз 463
навбатӣ