Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

ҷалб менамоед ва ҳокимиятдоривутон боз чандин солҳо поянда мемонад. Бояд гуфт, ки гарчанде шароити молиявии ташкилотатон хуб бошад ҳам, агар дар хароҷоти он бепарвоӣ зоҳир карда, молу пулро ба чор тараф пош диҳед, дар як муддати кӯтоҳ норасоии молиявӣ пайдо месозед. Маҳз дониши меъёрии истифодаи захираҳо вобаста аз вақт барои роҳбари хештаншинос роҳи адолати роҳбарии ӯро муайян месозад.

Меъёри дигари роҳбарӣ ва ба мақсади олӣ расидани сарвар ин нигоҳдории махфияти сирри роҳбарӣ ва дар паноҳ будани қувваи асосии теладиҳандаи фаъолияти роҳбарӣ аз чашми ҷомеа мебошад. Бигузор сирри роҳбариатон махфӣ бошад ва зердастон ба Шумо бовар кунанду Шумо ба зердастон. Оромӣ, пурмазмунӣ ва қадру қиммати суханро нигоҳ доштан дар вақти баромади расмӣ ва аз эҳсосоти суханию рӯҳӣ дур будани роҳбар, дар дили зердастон қувваи боварӣ ҷой месозад ва онҳо доимо қарорҳои роҳбариатонро бо дилу ҷон дастгирӣ менамоянд.

Нигоҳдории арзишҳои баланди роҳбарӣ ва мақсадгузории олӣ нишонаи дигари меъёрии роҳбар буда, ноӯҳдабароии меъёр шикасти ҳокимият аст. Ҳар замон, ки ба Шумо манфиати шахсии худ ва ё атрофиён таъсиррасонӣ мехоҳанд, қарзи роҳбарии дар назди виҷдони худро фаромӯш насозед.

Вақте ки меҳру муҳаббати инсонҳо нисбати якдигарӣ хунук ва нобоварию ноҳурматӣ пайдо мегардад, фақат арзишҳои баланди роҳбарӣ боз метавонад онҳоро муттаҳид карда, низомро ҷорӣ созад. Арзишҳо пайвасткунандаи роҳи бамақсадрасии олии сарвари хештаншинос мебошанд. Ҳар қадар дар атрофи Шумо кормандони ба ин арзишҳои воло расида бисёр бошанд, ҳамон қадар занҷири меҳру муҳаббат ва низоми иҷрои қарорҳо мустаҳкам мегардад ва баръакс.

Сарвари хештаншинос доимо диққатро ба он равона месозад, ки ба шууру
фаҳмиши одамон - зердатонаш як усули дарки дурусти масоилро ба роҳ монда,
худ доимо дар ҷустуҷӯи мақсадҳои сифатан нав гашта, пайваста фаҳмиши
зердастонро пурра ва низоми муайянеро ҷорӣ месозад. Чуноне ки дар боло қайд
кардем, фаҳмишҳо доимо дар инкишофу тағйирёбӣ буда, илова ва навкуниро
талаб менамоянд, ки инро бевосита сарвар ба сифати пешво аввалин шуда барои
пешравӣ нишонагирӣ менамояд. Аз тарафи дигар, аз хирадмандӣ даст кашидан

пешина
аз 463
навбатӣ