Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Менеҷменти эволюсионӣ — системаи истифодабарии пайдарпайи унсурҳои системаи эволютсионии инкишоф, барои ба даст овардани сармоя ва ҳокимиятро меноманд.

  2. Хусусияти фарқкунандаи менеҷменти эволюсионӣ — нигоҳ доштани мавқеи баланди симои корхона ва самаранокии устувори он, ташкили роҳбарии корхона якҷоя бо муҳити атроф, таъмини ҷараёни пайвастаи эҷодкорию навоварӣ дар фаъолияти менеҷмент, таъмини инкишофи зеҳнӣ ва хештаншиносии роҳбарӣ.

  3. Хусусиятҳои менеҷменти эволюсионии метатехнологӣ — набудан ва роҳ надодан ба роҳбарони сустназму камҳираду инкишофнаёфта, пайвастани корхонаҳои венчурӣ, ташкили системаи стратегии «саноат — илм — маориф», ташкили ҳамоҳангсозии илмию амалӣ, навоварию эҷодкориҳо, ташкили институтҳо ва озмоишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, амалигардонии технологияи пешқадам.

  4. Ташкили роҳбарии доиравӣ ва ҳамвори инноватсионӣ — қоидаи бадастоварии истеъмолкунанда ва таъмини талаботи афзояндагии он, қоидаи беҳтарини навоварӣ, махсусгардонии фаъолият, коммуникатсияи баръакс, қоидаи стратегияи инкишофи менеҷмент, ҳар як корманд дар нуқтаи худ роҳбар.

  5. Сармояи башарӣ аз нигоҳи Т. Шултс — кулли донишҳо ва ҳунари инсон, ки солҳои тӯлонӣ ҳамчун восита ва ашёи истеҳсолот баромад мекунад.

  6. Нишондиҳандаҳои камбизоатӣ ва қашшоқӣ — маълумотнокӣ ва имкони дониш гирифтан, таъмини кифоягии ғизо вобаста ба синну сол ва сохтори ғизо, имкони таваллуд доштани занҳо ва манзилдорӣ, ҳуқуқи озоди зиндагонӣ ва шуғл.

  7. Нишонаҳои қашшоқӣ — ҳиссаи аҳолие, ки асосан то 40-солагӣ умр мебинад, ҳиссаи аҳолие, ки имкони истифода аз оби тозаи нӯшокӣ надоранд, ҳиссаи аҳолие, ки имкони муроҷиат ба муассисаҳои тиббӣ надоранд, кӯдакони то 5-солае, ки вазни кам доранд ва ё ноқусакланд, ҳиссаи бесаводони калонсол ва бекорон.

  8. Нишонаҳои хушбахтӣ — саломатӣ ва умри дароз дидан, доштани дониши мукаммали касбӣ ва манзил, имкони истифодабарии захираҳо, молу мулк

пешина
аз 463
навбатӣ