Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Таъмини ҳолати рӯҳии корманд ва менеҷерони корхона имкон медиҳад, ки онҳо дар ин самт худинкишофёбиро таъмин ва тамоми донишу қувваю ғайрати худро барои инкишофи менеҷменти корхона равона созанд.

  1. Кафолати бехатари иқтисодӣ ва иҷтимоии корманд — инкишофёбии роҳбарӣ дар ҳамон вақт таъмин карда мешавад, ки ҳар як корманд талаботи иқтисодӣ ва маданию иҷтимоии хешро қонеъ гардонда тавонад. Бинобар ин, мо бояд ба корманд миқдори муносиби маош диҳем, ки ҳам талаботҳои иқтисодӣ ва ҳам талаботҳои маънавии ӯ ва аҳли оилаи ӯро таъмин карда тавонем.

  2. Системаи сармоявии инноватсионӣ — системае, ки аз муҳити эҷодии сармоявӣ, ҳолати мадании баланди сармоявӣ ва функцияву механизми навини технологию роҳбарӣ иборат мебошад. Бартарияти ин системаи менеҷмент он аст, ки фаъолият хислати мақсаднок гирифта, дар ҳар як қадам метавон аз навигариҳои илмию техникӣ ва эҷодкорию иқтидори ақлонии кормандон истифода кард.

  3. Барномаи эволютсионии менеҷмент — барномаи ташкили кору фаъолият вобаста ба захираҳо ва имконоти мавҷудаи корхона ва таъмини самаранокии кор, ташкили барномаи одаткунонӣ ва амалигардонии мақсадҳои инноватсионӣ ва гирифтани самара аз ҳисоби истифодабарии захираҳои эндогений ва экзогений.

  4. Одаткунонии инноватсионӣ ва вазифагузории менеҷмент — муайян кардани соҳаи фаъолият ва шахсони масъули иҷрокунанда.

  5. Муайян кардани фишангҳои таъсиррасонии ақлонӣ ба объекти роҳбарӣ — интихоби гурӯҳи корӣ ва лоиҳаи аниқ. Муаррифии ақидаи аввала ҳамчун нишонаи вазифагузории навин. Муайян кардани тарафдорон ва мухолифини ақидаи нав. Дастгирии гурӯҳ ва молиягузорӣ. Натиҷагирӣ ва одаткунонии коллектив ба моли нав.

  6. Омилҳои одаткунонии иноватсионии менеҷмент — ба даст овардани маълумоти пурра ва натиҷагирии иқтисодию иҷтимоии иноватсионӣ, ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ, бо роҳи хондани лексия аз тарафи шахсиятҳои барҷаста, пешниҳоди ахбори саривақтӣ, пурра ва воқеӣ пайвастагии ахбори навин ва оғози фаъолияти иноватсионӣ.

пешина
аз 463
навбатӣ