Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Маданияти иҷтимоӣ — нигоҳи навинеро меноманд, ки дар асоси рафтори воқеии одамон ва тадқиқоти илмӣ - таҳлилии маданият ба миён омадааст ва инъикоси бевоситаи арзишҳои воло буда, омили асосии рафтори гурӯҳи алоҳидаи одамон ва ё ҷамъият гаштааст.

  2. Маданиятшиносӣ — қисми таркибии маърифати фаъолияти роҳбарӣ ва шарти асосии таъмини самаранокии мақсадҳо ва нақшаҳои менеҷментро меноманд.

  3. Маданияти истеҳсолӣ — худ ташаккулдиҳанда ва паҳнкунандаи маданияти иҷтимоӣ, арзишҳо, меъёрҳо, донишу донишмандӣ, санъату илму идеологияи халқу миллати алоҳида буда, риояи пурраи он ҳамчун фишанги асосии баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ хизмат менамояд.

  4. Маданиятшиносии роҳбарӣ — моҳияти худро дар баробари амалӣ гаштани меъёрҳо, арзишҳо, ақидаю донишҳои бахшҳои гуногуни илмию истеҳсолӣ, ки роҳбарон ва кормандони менеҷмент дар ҷараёни андешаронӣ, қабули қарор, баромадҳои расмӣ ва дигар фаъолиятҳои роҳбарӣ дарёфта, ба сифати далели амалигардонии боигарии миллӣ баромад менамояд.

  5. Маданияти иҷтимоӣ — боигарии ҳаёти ҷамъиятӣ буда, системаи муайяни арзишҳоро дар байни гурӯҳи гуногуни ҷамъиятӣ нигоҳ медорад, яъне ҳамчун механизми идоракунии ҷамъиятӣ баромад намуда, ягонагии миллӣ ва мустақилияти инкишофи ҷамъиятиро таъмин месозад.

  6. Моҳияти маданиятшиносии роҳбарӣ — на фақат барои менеҷмент, балки барои инкишофи оила, корхона, соҳа, давлату миллат хизмат намуда, дар роҳи воқеии инкишофи илму маориф, ташкилотҳои динию эҷодӣ, инкишофи соҳибкорӣ, ташкилу фаъолияти хоҷагидорӣ дар кишоварзӣ ва ҳатто барои баланд гаштани шуури сиёсии ҷомеа, шароит муҳайё менамояд.

  7. Маданияти иҷтимоии ҷаҳонӣ — дар шароити имрӯзаи инкишофи
    иқтисодию иҷтимоии ҷаҳонӣ маданияти иҷтимоии ҷаҳонӣ дар ташаккул
    буда, дар асоси меъёрҳо ва арзишҳои байнимиллии маданӣ ва инсонӣ
    инкишоф ёфта истодааст. Вазифаи роҳбарон дар менеҷменти муосири

пешина
аз 463
навбатӣ