Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

тоҷик ҳиссаи муносиб гузоштан дар маданияти роҳбарии ҷаҳонӣ ва соҳиб гаштани пешсафӣ дар ин ҷараён мебошад.

  1. Функсияи асосии маданият дар хештаншиносии роҳбарӣ — маданият ҳамчун зинаи инкишофи менеҷмент, эҷодкорию ихтироотии менеҷмент, ҷамъи дастовардҳои фаъолияти менеҷмент, гуногуншаклӣ ва нигоҳдории рақобати бозори корхона, санъати баланди истифодаи вақт ва ҷамъиятшиносии менеҷмент.

  2. Вазифаҳои асосии маданиятшиносии менеҷмент — мазмуни фалсафии арзишҳои баланди мадании фаъолиятҳои алоҳидаи менеҷментро пурра инъикос намудан, нишондиҳандаҳои амалигардонии қисмҳои алоҳидаи маданиятшиносӣ ва равандҳои он, аз ҷумла илм, ихтироот ва навоварӣ, дин, санъати тасвирӣ, анъана, маросим, урфу одати ниёгон ва мактабҳои классикии роҳбариро дар фаъолияти менеҷмент ҳаматарафа муаррифӣ намудан.

  3. Моҳияти амалии маданияти истеҳсолии менеҷмент — амалигардонии маданияти баланди истеҳсолию технологӣ, тарбияи роҳбарон ва дигар кормандони ташкилот дар ин рӯҳираи баланди хештаншиносӣ, ташаккул ва нигоҳдории дастовардҳои баланди маданӣ, нишон додани омилҳои маданӣ ва этикии меҳнат, соҳибкорӣ ва роҳбарӣ дар корхона ва амалигардонии самаранокии нишонаҳои маданӣ дар менеҷмент, нишон додани мақоми маданиятшиносӣ дар ташкили дурусти фаъолияти менеҷмент оид ба муносибатҳои расмию ғайрирасмин байни дастаҳо, сеҳҳо, гурӯҳҳо ва одамони алоҳидаи коллективи корхона ва мизоҷону ҷомеа.

  4. Маданият ҳамчун механизми зарурии истеҳсолоти ҷамъиятӣ — оила, қавму қабила, авлод, халқу миллат ва тамаддуни ҷаҳонӣ дар асоси дастгирию кӯмаки унсурҳои мадании меъёрҳо, арзишҳо, қоидаҳо ва манфиатҳо ба вуҷуд омадаанд.

  5. Маданиятшиносӣ ҳамчун зинаи хештаншиносии роҳбарӣ — имконоти риояи қонуниятҳо, меъёрҳо ва арзишҳои баланди истеҳсоли мол ва хизматрасониро дар доираи мӯҳлати муайян дар бар мегирад.

  6. Равандҳои рӯҳиявии маданиятшиносӣ — таъмини муҳити рӯҳии
    мақсаднокии фаъолияти менеҷмент, қабули талаботҳои корпоративии

пешина
аз 463
навбатӣ