Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Ҳаракати доимӣ доштан — худ арзишмандтарин нерӯи роҳбарӣ буда, дар он захираи бузурги илоҳии ақлонӣ мавҷуд аст, ки асоси пурраи хештаншиносии роҳбариро ташкил медиҳанд.

  2. Нерӯи ақидаи сарварӣ — ин қувва аз қуллаҳои баланди барфпӯши кӯҳии Илоҳӣ сарчашма гирифта, ба дарёи пуртуғён мубаддал гардида, бо қувваи бузурги софу тозаю мусаффо, нарму ҳалими хеш, ташнагии одаму Замину ҳайвонотро шикаста, онро хурраму тоза нигоҳ дошта, биёбонро зарнигор карда, ба баҳру уқёнус расида, ба мувозинати Замину Осмон ҳиссагузор аст.

  3. Худинкишофёбӣ — сарчашмаи бузурги хештаншиносии роҳбарӣ буда, ҳар як роҳбар дар аввал ба худаш ҳамчун шахсият баҳо дода тавонад ва вобаста аз ӯ мақсадгузорӣ ва қарор қабул намояд.

  4. Низоми хештаншиносӣ — сарвари хештаншинос аз қонуниятҳои сохторӣ ва инкишофи тафаккур бохабар буда, моҳияти фалсафии рафтори аксари кормандонро аз тозагӣ ва қонуниятҳои объективии табиӣ дониста, низоме ҷорӣ месозад, ки тамоми кормандонро ба он роҳнамоӣ менамояд, то ба ҳақиқат наздик шаванд.

  5. Талаботи низоми хештаншиносӣ — пайдарпай аз кори оддӣ ба мураккаб, аз хурд ба бузург, аз коллектив ба ҷомеа, аз мамлакат ба ҷаҳон.

  6. Қонуни табиии низоми хештаншиносӣ — дар аввали лаҳзаҳои пайдоиш олами наботот ва ҳайвонот ва одамон хеле нарму нафису тозаанд, ки табиат низ ба онҳо чунин рафтори ҳалимона дорад, аммо вақти нобудшавӣ хушку сахт мегарданд. Маълум аст, ки табиат низоми сахтию хушкиро намепарастанд.

  7. Таълимоти Суқрот ва Афлотун оид ба хештаншиносӣ — тамоми дастовардҳои замонро ҳамчун ашёи кӯҳнаи барвақтфаромӯшшуда номида, ҳақиқати сарватмандони ҷомеаи ғуломдории Афинаро, ки бо роҳи дуздию ғоратгарӣ ва истисмори ғуломони беҳуқуқ, ба зиндагонии шоҳона расидаанд, исбот карда, асос надоштани давлати демагогии замони худро ба мардум фаҳмонда доданд. Дар ҳамин асос фалсафаи рафтори хештаншиносии роҳбариро кор карда баромаданд, ки арзиши баланди таърихии худро то имрӯз гум накардааст.

пешина
аз 463
навбатӣ