Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,
На бад-он чашм, к - андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в- аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он он гузарӣ.

  1. Фаҳмиши иқтисодии роҳбар бояд дорои арзишҳои зерини хирад бошад: дониши мукаммал, хиради роҳбарӣ, мақсади стратегии муайяни роҳбарӣ, фикрронии аниқ, тасаввур ва дарки масоил, пешвой, худмаҷбурсозӣ, серталабӣ, шахсияти шинохта гаштан, таъсиррасонӣ ба зердастон.

  2. Равандҳо ва давраҳои омӯзиши одамон — тарзи баёни мақсад ва овоз, роҳгардӣ ва нишастан, чеҳра ва нигоҳи чашм, пайдарпаии фикру андешаронӣ, интихоби калимаҳо, тарзи сухангӯӣ, имову ишораҳо, тарзи либоспӯшӣ ва симои зоҳирӣ, муносибат ба фикру ақидаи дигарон ва ҳамкорӣ.

  3. Наворати корманд дар ҳолатҳои гуногун — хусусиятҳо ва рафторҳо дар ҳолати муқаррарӣ ва қаҳру ғазаб, дар ҳолати дӯстдорӣ ва муваффақиятҳо, хӯрок хӯрдан ва паси мизи корӣ нишастан, дар ҳолати хурсандию маъракаҳо, дар ҳолати ногувори зиндагӣ, дар ҳолати қабули муваффақиятҳои дигарон, дар ҳолати варзиш ва мусобиқаҳо.

  4. Пайдарпаии мантиқии расидан ба хирадмандӣ — мақсади олии роҳбарӣ бояд баъди таҳлилҳои пурра ва ҳаматарафа муайян карда шавад, мазмуни мақсадҳо сабт ва дар ҷои намоён гузошта шаванд, то оид ба онҳо пайваста андеша кард, нақшакашӣ ва роҳи пайдарпаи ба мақсад расидан, худбоваркунӣ, интихоби қаҳрамони худ, зарари рӯҳӣ наовардан ба дигарон, талаботи моддиро қаноатманд кардани мақсад.

  5. Мақсади олии роҳбарӣ — оинаи ҷилодиҳандаи ҳар як фарди хештаншинос буда, метавонад тамоми қувваро ба як нуқтаи асосӣ ҷамъ оварад ва дар ҳаёти Шумо гулхани фурӯзон афрӯзад. Нигоҳи аксари донишмандонро оид ба ин масоил дар китоби 4-ум овардаем.

  6. Сарчашмаи ошкор гаштани олам ба ҳар як фард — аз чашм оғоз меёбад,
    агар мо ба оламу одам бо чашми хирад нигарем, ҳама нек асту гулистон,
    вагарна ҳама оламу одам хор асту торикистон.

пешина
аз 463
навбатӣ