Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Ҳаким», «Табибии Луқмони Ҳаким» - ро аз китоби 4- ум мутолиа намоед.
-
Ҳимояи роҳбар аз ашхоси хушомадгӯй, ҳасадхӯр ва фиребгар - ҳақиқатпарастӣ, адолат ва шаффофияти пиндору рафтору гуфтор.
-
Хусусиятҳои рӯҳии ашхоси бадхоҳ - беномус, беҳаё, табиатан нобовар, кинагиру нопок, қурбин, сустсаводу камақл, бедину бедиёнат.
-
Устувории мавқеи роҳбар — яке аз қонуниятҳои ҳиради роҳбарӣ буда, бурду бохти амалигардии қарори роҳбарӣ ва умуман ташаккули менеҷмент ба он вобастааст, ки дар навбати аввал роҳбар ба мавқеаш чӣ қадар устувор аст.
-
Ташаббускорӣ - қобилияти баланди зеҳнии роҳбарӣ буда, роҳбарро вазифадор месозад, ки пайваста бо фикру ақидаҳои навин ва ташаббуси самаранок баромад карда, дигаронро аз қафои худ бурда тавонад.
-
Доимо дар майдон будан - қонуни ҳиради роҳбарӣ ба шумор рафта, рақибро дар ҳолати муҳофизатӣ нигоҳ доштан аст. Аммо агар қасри бошукӯҳ сохта пинҳон шавед, эътибори роҳбариатон заиф гашта, ҳокимиятро аз даст медиҳед.
-
Ғафлат ва хоинӣ - ду нишонаи шикасти давлат ва ҳокимиятдорӣ буда, ҳиради роҳбарӣ он аст, ки доимо аз ҳолат бохабар шуда, хоинонро аз назди худ дур совад.
-
Гуноҳ ва авф - ҳарчанд гуноҳ бузург аст, фазилати авфкунанда зиёдтар аст. Арасту ба саволи Искандар оиди фалон гунаҳгор чӣ мегӯй? гуфт: «Эй малик, агар гуноҳ набудӣ, сифати авф, ки беҳтарин фазилат аст, аз касе зоҳир нашудӣ. Пас, гуноҳ оинаи авф аст ва гунаҳгор ба сабаби зуҳури он сифат шуда, дар бораи ӯ бояд ин маъnӣ ба зуҳур расад.
-
Донишмандӣ нишораи олии менеҷмент - дониш ин инкишоф ва инкишоф ин пешравӣ буда, муҳити зиндагиро беҳтар намуда, инсон имкони худшиносиро тавассути дониш пайдо мекунад.
-
Ҳирадмандӣ — шакли олии рафтори роҳбарӣ, олами ботинӣ ва зоҳирии роҳбар, муносибат ба олами ҳастӣ, тасаввури неку нигоҳи нек, фаъолияти самаранок, ҳалимӣ, ширинзабонӣ, покию ростию ҳақиқатпарастист.
-
Нигоҳи устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ ба ҳираду ҳирадмандӣ —

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор