Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
гуногуни таърихӣ андешаронӣ намудем. Барои омӯзиши фикру ақидаҳои бузурги ин муттафакирони бузург ба китоби 4 — уми мо нигаред.
-
Усули дар китфи бузургон ҷой гирифтан дар роҳбарӣ — ҳанӯз дар замони худ Исаак Нютон ин усулро кашф карда менависад, ки ӯ ихтирооти хешро дар асоси ихтирооту донишҳои дигарон амалӣ сохтааст. Аксари роҳбарон ба донишмандӣ ва шарафмандӣ аз рӯи истифода кардани ақлу дониши дигарон расидаанд. Агар истифодаи дониши гузаштаро тавонед, Шумо дар ҳақиқат ихтироъкор ва эҷодкоред.
-
Нигоҳдории сирри роҳбарӣ — яке аз қонунияти хиради роҳбарӣ буда, аз ҳар як коргар зиракию кордониро талаб мекунад. Ҳар қадар мақсадҳои олӣ якбора пайдо гарданд, диққатҷалбкунанда шуда, ҳамон қадар зиддияти камро дучор мегарданд.
-
Камсухании роҳбар — нишонаи хиради волои роҳбарӣ буда, роҳбар тавассути забони хеш метавонад ба қуллаҳои баланди роҳбарӣ расад ва ё баръакс, ба қаъри чоҳ афтад. Оиди ин масоил дар китоби 4 — ум мисолҳои зиёди таърихӣ овардаем, ки хонандаи азиз, метавонад шинос гардад.
-
Адолат ва ҳақиқатпарастӣ — нишонаи хештаншиносии роҳбарӣ буда, тавассути он ҳар як роҳбар зинаи баланди инкишофро соҳиб мегардад ва обрӯю эътибору мавқеашро дар роҳбарӣ мустаҳкам месозад.
-
Мавқеи сарварӣ — ганҷинаи бузурги ақлонӣ буда, доимо бояд пурра, пок ва баланд нигоҳ дошта шавад, то касе имкони ворид шуданро ба ин ганҷина надошта бошад.
-
Диққатҷалбкунандагӣ ва худифодагарии роҳбар — саҳнаи роҳбарӣ ин саҳнаи театр буда, роҳбар дар он нақши қаҳрамони асосиро мебозад ва барои аз назари тамошобин дур наафтодан доимо дар ҳаракат ва корнамоиҳои нав саҳнаро набояд тарк кард.
-
Худифодагарӣ — як шакли эҷодкории роҳбарӣ буда, бо пешниҳоди фикру ақидаи нави эҷодии пайваста, самара ба даст овардан аст.
-
Оиди хиради роҳбарӣ - ҳиссаи «Подшоҳ ва Вазир», «Уқоб ва Лошахӯр», «Уқоб ва булбул», «Фил ва сангпушт», «Подшоҳи Луқмони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор