Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Қоидаҳои худбоварсозӣ — такрори пайдарпайи чунин мафҳумҳо, ман ба Худо ва худ боварии комил дорам, ба одамони наздикам низ бовар дорам, ба ҳамкорон бовар дорам, боварӣ дорам, ки ҳама кас дар ин дунё мукофоти амалашро мегирад, кӯшиш мекунам, ки хуб меҳнат кунам, маро дастгирӣ менамоянд, ман дар ҳақиқат ба ғалаба боварӣ дорам. Ривоятҳои Луқмони Ҳаким оиди худбоварӣ.

  2. Дарки масоил — қобилияти ақлонии шахсият, ки дар асоси ақидаю ҳодисаҳо, рӯйдодҳо ва рақамҳои қаблан бадастовардашуда ба вуҷуд омадааст ва дар шаклу усулҳо ва тарзи навин пешниҳод ва ифода мешавад.

  3. Нигоҳи рӯҳшинос Наполеон Хилл ба донишмандӣ — шахси донишманди касби хеш қавитарин инсон буда, метавонад ба чандин инсонҳои дигар кӯмаки калон расонад.

  4. Серталабии роҳбарӣ — яке аз омили дӯстдории касбӣ буда, роҳбар кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба ивази меҳнати зиёдаш манфиат ба даст оварда, аз натиҷааш ҳаловат бубарад.

  5. Камбизоатӣ — насиби он шахсоне мегардад, ки онҳо қашшоқиро мехоҳанд. Ва дар навбати худ сарватманд гаштан ин хоҳиш ва кӯшиши сарватмандон аст.

  6. Қоидаҳои худмаҷбурсозии роҳбарӣ — доимо дар худ мақсади муайяне ва хоҳиши баланди бамақсадрасӣ доштан, боварии қатъӣ ба худ, нақшаи худмаҷбурсозӣ, қувваю иродаи мустаҳкам ва одати худмаҷбурсозӣ доштан.

  7. Камбудиҳои роҳбарӣ оиди худмаҷбурсозӣ — қобилияти дарки хоҳиши худро надоштан, набудани ҳавасмандӣ, камҷуҷоатӣ ва беғайратӣ, қафопартой ва кашолкории роҳбарӣ, ба ҳолатҳо ҳавола кардани иҷрои мақсадҳо, костагии хоҳиш, мавҷуд набудани нақшаи аниқи корӣ, хислати зудтаслимшавӣ ҳангоми ноомадҳо, аз танқид тарсидан.

  8. Дарки масоили худмаҷбурсозии роҳбарӣ — моҳият ва қадри донишмандиро доимо боло гузоштан, дар роҳбарӣ дӯстони зиёд надоштан, аз «не» ва «намедонам» натарсидан. Сухан кам гуфта, дар гуфтор устувор

пешина
аз 463
навбатӣ