Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Ташкили самаранокии меҳнат — ташкили бозори самараноки меҳнат, ташкили системаи баланди музди меҳнат ва адолати иҷтимоӣ, баланд бардоштани дараҷаи касбияти одамон, таъмини шуғли пурраи самаранок, барҳам додани бекорӣ.

  2. Менеҷменти экологӣ — системаи иқтисодии роҳбарие, ки идора бо роҳи ҷорӣ намудани талаботҳо ва стандартҳои байналхалқии экологӣ ташкил карда мешавад.

  3. Менеҷменти экологӣ — системаи идоравии пешқадам, ки аллакай дар корхона барои истеҳсоли моли аз ҷиҳати экологӣ тоза ташкил карда шудааст.

  4. Қоидаҳои асосии менеҷменти экологӣ — ташкили сиёсати нави экологӣ вобаста аз дараҷаи инкишофи техникӣ ва технологияи истеҳсолот, қабули қарори роҳбарии ба экологикунонӣ нишонагир, ташкили назорати экологӣ, истеҳсоли мол мувофиқи стандарти экологӣ.

  5. Вазифаи асосии менеҷменти экологӣ — ташкили раванди истеҳсолии аз ҷиҳати экологӣ тоза, таъмини экологии тамоми системаи менеҷмент, муайян кардани зиён ва фоиданокии экологӣ, ташкили меъёрҳои маҳдудиятҳои экологӣ, ташкили системаи ҳавасмандии экологӣ.

  6. Предмети менеҷменти экологӣ — иқтисоди истифодабарии сарватҳои табиӣ, сохтори ташкилӣ, маркетинги экологӣ, сиёсати экологӣ, ахбор, алоқа бо ҷамъият ва дигар қисмҳои таркибии менеҷмент.

  7. Таърихи инкишофи менеҷменти экологӣ — 5 давраи калонро аз сар гузаронидааст. Обшинаи ибтидоӣ, заминистифодабарӣ, барқароршавии капитализм, инкишофи бемайлони саноатӣ, инкишофи экологикунонии истеҳсолӣ.

  8. Равияҳои маркетинги менеҷменти экологӣ — ташаккули сохтори бозории фаъолияти бозорӣ, баҳои экологии молҳо, суғуртаи экологӣ, тағйироти ҳисоботи экологӣ ва ташхиси экологӣ, қоидаи нави савдо.

  9. Усули маркетинги назорати экологӣ — механизми хоҷагидорию тиҷоратӣ, ҷамъиятию ҳуқуқӣ, идораи маркетингӣ, меъёрию техникӣ, ахборӣ, сохтори истеҳсолӣ ва роҳбарӣ, ташхиси экологӣ.

пешина
аз 463
навбатӣ