Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

таъмини пурраи шуғл ва ҳаёти масъулноки одамон аз ҳисоби даромадҳои меҳнатӣ.

  1. Раванди иҷтимоӣ — ҷараёни пайдоиш, инкишоф ва тағйирёбии ҳолатҳое мебошад, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ, сохтор ва муҳити иҷтимоиро дар ҷамъият дигаргун сохта, барои мустаҳкам намудани адолати иҷтимоӣ, бехатарии иҷтимоӣ ва осоишу амонӣ равона карда шудааст.

  2. Навоварӣ — чун меъёри эҷодкорӣ ба сифати фаъолияти меҳнатии зеҳнӣ хислати ҷустуҷӯӣ дошта, баҳо дода мешавад, ки бо мақсади ташкили арзишҳои моддӣ ва маънавии нав равона шудааст.

  3. Бозори меҳнат — ҷараёни алоқамандии байни субъектҳои фаъолияти меҳнатӣ (давлат, корфармо, коргар) ба ашёи бастани шартнома оид ба хизматҳои меҳнатӣ бо мақсади ташкили истеҳсолоти ҷамъиятӣ мебошад.

  4. Бозори меҳнат — системаи муносибатҳои ҷамъиятист, ки дараҷаи инкишоф ва мувозинати манфиатҳои иштироккунандагони бозор, соҳибкор, коргарон, роҳбарон ва давлатро ифода мекунад.

  5. Бозори меҳнат — механизми муайян кардани арзиши моли қувваи коргарӣ мебошад, ки имкони амалӣ гаштани фаъолияти озоди талаботу таклифотро доир ба қувваи корӣ пайдо месозад.

  6. Бекорон — қувваи кории иловагие, ки давлат имкони истифодабарии онҳоро надошта, онҳо дар инкишофи боигарии миллӣ иштирок намекунанд ва ҳангоми васеъшавии истеҳсолот метавонанд онҳоро ба кор ҷалб намоянд.

  7. Хусусияти бозори меҳнат — фаъолияти ҳар як шахс дар навбати аввал ба таъмини манфиати худ равона шудааст, харидорон ва фурӯшандагон нисбат ба якдигар ахбори кофӣ надоранд, дар бозори меҳнат нишондиҳандаҳои сифатии корманд қариб баҳо дода намешавад, ҳосилнокии меҳнат новобаста аз мураккабӣ ва давраи корӣ баҳогуворӣ мешавад.

  8. Сиёсати ҳимояи иҷтимоӣ — таъмини ҳимояи пурраи шаҳрванд, таъмини имконот ба маълумот, тиб ва истифодаи захираҳо, таъмини шуғл ва нафақаи аҳолӣ.

пешина
аз 463
навбатӣ