Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Системаи стандартии ISO 14000 - ISO 14030 баҳои сифатии экологӣ, ISO 14040 баҳои давраи ҳаётии маҳсулот, ISO 14041, мафҳумҳо ва моҳияти онҳо, ISO 14020 - 22 намуди тамғадиҳии экологӣ, ISO 14010 - 14015 аудити экологӣ, ISO 14001 - 14004 системаи экологии идоракунӣ.

  2. Гурӯҳи партовҳо — партовҳои маишии аҳолӣ, партовҳои корхонаҳои муниципалӣ ва партовҳои саноатӣ.

  3. Ташкилотҳо ва ҷамъиятҳои идоракунии партовҳо — ҳокимияти иҷроия, аҳолӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои назорати давлатӣ, роҳбарони корхонаҳои партовбарорӣ, нақлиётчиён, намояндагони ВАО ва олимону донишмандони соҳа.

  4. Кадастри давлатии замин - системаи муайяншудаи давлатии ҳисоб, баҳодиҳӣ ва бақайдгирии ҳуқуқ ба замин буда, барои батанзимдарорӣ ва беҳтар кардани муносибатҳои заминдорӣ равона карда шудааст.

  5. Нигоҳдории мувозинати ҳосилхезии хок — чорабиниҳои комплексиеро меноманд, ки шароити хуби кишти зироатҳои кишоварзӣ, пайдарпаии онҳо, нигоҳдории мувозинати табодули хокӣ ва обии заминро дар бар мегирад.

  6. Нишондиҳандаҳои баҳои экологии замин — ифлосшавии хок, атмосфера,
    об, муҳити зист, радиоактивӣ, акустикӣ, рекреатсионӣ, мамнӯъгоҳҳо,
    мавзеъҳои санитарӣ, фармоишӣ ва боғҳои миллӣ.

  7. Системаи иқтисодии идоракунии экологӣ — банақшагирӣ ва молиягузории чорабиниҳои муҳофизати табиат, муайян кардани меъёри истифодабарии сарватҳои табиӣ, партовҳо ва ҷойгиркунии онҳо, меъёрҳои андозсупории экологӣ, ташкили минтақабандии экологӣ.

  8. Андози замин - пардохт барои ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин мебошад.

  9. Иҷорапулии замин - пардохт барои замини иҷорагирифташуда мебошад.

  10. Системаи пардохти канданиҳои фоиданок — пардохт барои истифодаи конҳо, пардохт барои такрористеҳсоли маъданҳо, аксизҳо, пардохт оид ба ахбори геологӣ, пардохтҳои дигар.

пешина
аз 463
навбатӣ