Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Сарчашмаҳои захираҳои молиявӣ — буҷаи давлатӣ ва маҳаллӣ, пардохти хизматҳо ва иҷораи амвол, ҳаққи аъзогӣ, даромадҳои дигар.

  2. Вазифаҳои менеҷменти молиявӣ — ташкили системаи молиявии корхона, ташкили самараноки истифодабарии захираҳои молиявӣ, роҳбарии сармоягузорӣ, таҳлили фаъолияти молиявии корхона, назорати низоми молиявӣ, муайян кардани сиёсати қарзӣ.

  3. Механизми молиявӣ — усули молиявӣ, фишангҳои молиявӣ, таъминоти ҳуқуқӣ, таъминоти меъёрӣ ва таъминоти меъёри байналхалқиро мемонанд.

  4. Уҳдадориҳои менеҷери молиявӣ — молиягузории фаъолияти корхона, тарафҳои молиявии истифодаи активҳо, коркарди стратегияи молиявии менеҷмент, коркарди тактикаи молиявии менеҷмент, ҳамоҳангсозии стратегия ва тактика, назорати молиявӣ.

  5. Усули менеҷменти молиявӣ — гузаронидани амалиётҳои воситаҳои пулӣ, гардиши сармоя барои афзоиш, фаъолиятҳои тиҷоратӣ, нигоҳдории қобилияти даромаднокӣ.

  6. Ҷараёни буҷакунонии корхона — маҷмӯи корҳо оид ба тартиб додани буҷаи умумӣ, оҷилӣ, молиявӣ, идоракунӣ ва назорати иҷроиши нишондиҳандаҳои буҷавӣ мебошад.

  7. Системаи банақшагирии молиявӣ — банақшагирии фаъолияти молиявӣ, коммуникатсия ва ҳамоҳангсозӣ, нишонагирии самаранокӣ ва фоиданокии баланд, иҷрои саривақтии мақсадҳо, назорати низоми молиявӣ.

  8. Усули асосии назорати молиявӣ — тафтиши фаъолияти алоҳида, таҳлили даврагӣ, тадқиқот, тафтиши пурраи молиявӣ.

  9. Фоида — фарқи байни нархи фурӯши мол ва хизматҳо ва хароҷотҳои истеҳсолию фурӯшро мемонанд.

  10. Дараҷаи даромаднокӣ — вобаста ба ҳар як воҳиди пулии хароҷотҳо ба даст овардани манфиат.

  11. Қарзҳои дебиторӣ — дар натиҷаи алоқамандӣ ба харидорон, фармоишгарон, корхонаҳои тобеъ, корхонаҳои ҳамкор пайдо мегардад.

  12. Омилҳои таваккали системаи молиявӣ — паст шудани дараҷаи соҳибкорӣ,
    тиҷорат, беқурбшавии пул, дараҷаи таваррум, тағйир ёфтани фоизи қарз,
    болоравии бемайлони нархи молҳо.

пешина
аз 463
навбатӣ