Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

алоҳидаи корхона, назорат ва таҳлили молиявӣ, банақшагирии фаъолияти молиявии сохторҳои алоҳидаи роҳбарӣ ва ояндабинии сохтории менеджмент.

  1. Ташкили баҳисобгирии идоракунӣ — системаи шароитҳо ва унсурҳои ташкили баҳисобгириро меноманд, ки бо мақсади ба даст овардани ахбори дуруст ва саривақтӣ доир ба фаъолияти хоҷагидории ташкилот, ташкили назорат оид ба истифодабарии захираҳои истеҳсолӣ ва идоракунии фаъолияти истеҳсолӣ ташкил карда мешавад.

  2. Нақшаи ташкили баҳисобгирии идоракунӣ — ҳуҷҷатгузорӣ, гардиши ҳуҷҷатҳо, коркарди ҳуҷҷат, ҳисоботҳо, техникии баҳисобгирӣ, муҳосибот, банақшагирӣ, таъминот, музди меҳнат, ҷамъбасти фаъолият, фурӯш, таҳлил.

  3. Хароҷотҳо — арзиши захираҳоеро меноманд, ки бо мақсади муайян дар корхона истифода карда шудаанд.

  4. Арзиши аслии маҳсулоти фурӯхташуда — хароҷотҳо барои истеҳсол ва фурӯши молро меноманд.

  5. Марказҳои масъулиятноки менеджмент — маркази хароҷот, фоида, сармоя, таъминот, истеҳсолот, фурӯш, ҳамоҳангсозии роҳбарӣ.

  6. Усули хароҷотни муайян кардани нархи мол — маҳсулот, технология, хароҷотҳо, нарх, арзиши мол, харидор.

  7. Усули нархгузорӣ — харидор, арзиши мол, нарх, хароҷотҳо, технология, маҳсулот, мӯҳлати иҷрои кор ва истеҳсоли мол.

  8. Сармоягузории истеҳсолӣ — маблағгузорӣ дар соҳаи муайяни фаъолияти иқтисодӣ буда, дар шакли зиёдшавии воситаҳои истеҳсолии корхона, сармояи воқеӣ, мавод ва дигар арзишҳоро ба вуҷуд меорад.

  9. Сармояи молиявӣ — маблағгузорӣ ба воситаи қоғазҳои қимматнок ва захираҳои молиявӣ мебошад.

  10. Сиёсати Бонки миллии Тоҷикистон — танзими молиявӣ, бозори озоди пул ва қоғазҳои қимматнок, танзими арзӣ, танзими қарзӣ ва пардохтҳою ҳисоббаробаркуниҳо, маҳдудияти миқдории пул.

  11. Молия — системаи дохила ва берунаи муносибатҳои ташкилотро меноманд, ки дар ҷараёни ташаккул ва истифодабарии фонди захираҳои пулӣ ба вуҷуд омадааст.

пешина
аз 463
навбатӣ