Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
истеҳсолот, нишонагирӣ ба истеъмолкунанда, баробари паст кардани хароҷот таъмини сифатнокӣ, ҷалби тамоми коллектив, таъсири сифат ба натиҷагирӣ ва ҳавасмандкунии кормандон.
-
Системаи стандартҳои байналхалқии сифат ИСО - 9000 - соли 1987 қабул шудааст.
-
Шароитҳои ИСО - 9000 - барҳам додани истеҳсоли моли бесифат, ташкили шароити баландбардории сифати молҳо ва хизматҳо, ташкили сертификатсияи системаи сифат дар корхона, баҳои молтаъминкунанда.
-
Талаботҳои стандартии сифат - таъмини талаботи ҷамъиятӣ ва мақсаднокӣ, сертификатҳо, талаботи қонун, экологӣ, сарфакорӣ, самараноку рақобатнокӣ, дастурӣ ва стандартӣ.
-
Идоракунии оқилонаи сифат - назорат ва идораи оқилонаи сифати маҳсулот, талабот ба он, ташкили меҳнат ва бартараф намудани сабабҳои қаноатманд набудани ташкили функционалии ин соҳаро фаро мегирад.
-
Соли 2000-ум стандартҳои нави ИСО қабул шуд - нишонагирӣ ба истеъмолкунанда, баланд бардоштани нақши роҳбар дар таъмини сифат, ҷалб кардани кормандон ба баландбардории сифат, муносибатҳои нав бо истеъмолкунанда ва молтаъминкунанда.
-
Сертификатсия - яке аз шаклҳои умумиқабулшудаи идоракунии сифат ва ҳамзамон воситаи муборизаи рақобат дар бозори дохила мебошад.
-
Шаклҳои сертификат - сертификати бехатарӣ, сифати моли алоҳида, сифати гурӯҳи молҳо, сифати технология, сертификатсияи корхона, ҷои кор.
-
Асоси сертификатсия - стандарти давлатии ГОСТ, стандарти соҳавӣ, корхона, институтҳои тадқиқотӣ - илмӣ.
-
Мақсади асосии баҳисобгирии идоракунӣ - ба роҳбарон ва мутахассисони ташкилот ва сохтори он пешниҳод намудани ахбори саривақтӣ ва воқеӣ оид ба фаъолияти корхона ва муҳити беруна, ки барои таъмини қабули қарори роҳбарин минбаъда зарур мебошад.
-
Вазифаҳои асосии баҳисобгирии идоракунӣ — баҳисобгирии мавҷудият ва ҳаракати захираҳо, баҳисобгирии хароҷотҳо, ҳисоб кардани арзиши аслии мол ва хизматҳо, муайян кардани натиҷаи молиявии фаъолияти сохторҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор