Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Қоидаҳои истифодаи менеҷерон дар роҳбарӣ - ҳокимият, вазифа, касб,
    маблағ, оила, моликият, қаноатмандӣ, дӯстӣ, душманӣ, дин, худпарастӣ,
    ҳамсар.

  2. Меҳвари асосии ба мақсад расидани менеҷер — бехатарӣ, мақсаднокӣ, хирадмандӣ, нерӯи хештаншиносӣ.

  3. Қоидаҳои роҳбарии байнишахсӣ мувофиқи ақидаи Стивен Кови - ягонагӣ, фаҳмо ва танҳо фаҳмо будан, ғалабаи коллективӣ, бурд ва танҳо бурд.

  4. Пешвой — сифати шахсияте мебошад, ки «низоми зиндагии ӯ» бояд қисми ҷудонашавандаи «симои рӯҳии менеҷерон» гардад.

  5. Пешвой — дарку фаҳмиши олии ҳолатҳо ва ҳодисаҳо мебошад.

  6. Пешвой — худшиносии роҳбарӣ буда, оид ба ин масъала аз Таърихи Табарии Балъамӣ, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Маснавии Маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Рӯмӣ ва дигар бузургони миллати тоҷик, ки мо дар қисми 4-ум баён кардаем, метавон бархӯрддор шуд.

  7. Пешвой — ин барои ҷомеа хизмат кардан аст.

  8. Ҳаракатҳои ҳокимиятдории пешво — мутобиқкунонӣ, вобастагӣ, ташаккулдиҳӣ, демократӣ.

  9. Сифатҳои пешвой — нақши мусбати некхоҳию созандагӣ, фикрро дуруст дарк намуда фаҳмонда додан, боварии қавӣ доштан, ҷонфидо будан, мақсаднокӣ хислату рафтору гуфтор, эҷодкорӣ, хушмуомилагӣ, устувории ақида, қобилияти баланди таваккалкорӣ, дар ҳолати зарурӣ дар майдон будан.

  10. Қобилияти пешвой — қобилияти идораи хеш дар ҳама ҳолатҳо, идораи боварӣ, идораи фикрҳо ва мақсадҳо, диққат додан ва гӯш кардан.

  11. Хислатҳои пешвой — ҳунари ташкили гурӯҳии фаъолият, стратегияи рафтори намунавӣ, талаботҳои худро пеш гузоштан, диққатҷалбкунандагӣ, ноил гаштан ба муваффақият бо роҳи гуфтушунид, пешбинии ҳодисаҳо, рафтори сулҳҷӯёна, дарки амиқи ҳолатҳо ва масоил.

  12. Тавсифномаи умумии менеҷменти корхона — мақсаднокӣ ва вазифагузорӣ, сохтори умумӣ, захираҳои истифодашаванда, муҳити дохила ва беруна, системаи роҳбарӣ ва доираи фаъолият.

пешина
аз 463
навбатӣ