Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Консепсияи назорат — фикру ақидаи муайян дар бораи ҳайат, хислат ва муносибати кормандон ба фаъолиятҳо, донишмандӣ ва малакаи кордонии ҳайат.

  2. Объектҳои системаи назоратӣ — ҳайат, технология, мол, рақибон, бозор, мизоҷон, ашё, мавод ва омилҳои дигар.

  3. Сохтори унсурҳои назорат — муайян кардани стандартҳои нав, ченаки натиҷагирӣ, баҳодиҳии воқеии натиҷаҳо, батанзимидарории фаъолият.

  4. Омилҳои самаранокии назорат — муқоиса бо нақша, ташкили маркази назоратӣ, баҳодиҳии ченакҳо, аз нав масъалагузорӣ.

  5. Дастурамали назоратӣ — меъёри низомие, ки намегузорад менеҷерон хато содир намоянд, яъне стандартҳо, алоқаи доимии коммуникатсионӣ, меъёрҳо ва этикети баланди роҳбарӣ.

  6. Сохтори назоратии менеҷмент — назорати маъмурӣ, назорати таҷҳизотӣ, тафтиш, ширкат, системаи шаффофи ҳисоботию ахборӣ.

  7. Системаи назоратии менеҷмент — анъанавӣ, пешакӣ, соҳибкорӣ, сифатӣ ва арзишӣ.

  8. Таносуби миқдории менеҷерон мувофиқи қонуни Паретто — 20% роҳбарон, 80% зердастон.

  9. Соҳаи фаъолияти менеҷерон мувофиқи таълимоти мактаби амрикоӣ — роҳбарони хаттӣ, мутахассисони бахши молия, мутахассисони кор бо ҳайат, мутахассисони маркетолог, таблиғ, фурӯш ва ғ.

  10. Вазифадории системаи хизматчиёни давлатии ШМА — 18 зинагӣ, 4 зинаи аввал барои мутахассисон ва 14 зинаи дигар барои роҳбарон, аз зинаи 15 то 18 барои роҳбарони мартабаи олӣ.

  11. Аҳроми менеҷерон — роҳбари табақаи олӣ, миёна ва поёнӣ.

  12. Тайёрии касбии менеҷер — тайёрӣ бо назардошти хусусияти соҳибкорӣ, тайёрии функционалӣ, тайёрии ташкилотчигӣ, тайёрии итоаткорӣ.

  13. Шаклҳои кордонии менеҷери касбӣ — техникӣ, хушмуомилагӣ, кордонии зеҳнӣ, маъмурӣ, қабули қарор, таҳлилӣ, концептуалӣ.

  14. Ҳосилнокии меҳнат — таносуби маҳсулоти истеҳсолшуда нисбат ба хароҷотҳои вақт ва ё хароҷотҳои моддӣ.

пешина
аз 463
навбатӣ