Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

системаи банақшагирии навоварӣ, ҳолатҳои мақсаднокии навоварӣ, коркарди лоиҳаҳои навоварӣ, амалигардонӣ, натиҷагирӣ ва таҳлилҳо.

  1. Коллективҳои меҳнатӣ - гурӯҳи одамонеро меноманд, ки барои иҷрои кору мақсадҳо ва манфиатҳои умумӣ дар як корхона фаъолият менамоянд.

  2. Имконоти коллективҳои меҳнатӣ - дониш ва кордониро амалӣ гардонидан, ба дастовардҳо ва мақсадҳои бузург ноил гаштан, аз ҷониби ҷамъият дастгирӣ ёфтан, масъулияти ҷамъиятиро дарёфт намудан.

  3. Шаклҳои коллективҳо - намояндагӣ ва ғайринамояндагӣ, расмӣ, ғайрирасмӣ, меҳнатӣ, ҷамъиятӣ, ҳизбӣ, муваққатӣ, доимӣ.

  4. Давраи фаъолияти коллективҳо - тайёрӣ, ташкилӣ, тартиботӣ, зиддиятҳо, иҷрои кор, таназзул.

  5. Омилҳои ташкили коллективҳо - бехатарӣ, мақсаднокӣ, ҳукмронӣ, аъзогӣ, мавқеъгирӣ, манфиатӣ.

  6. Омилҳои ташаккули коллективҳо - доштани мақсади муайян, донишмандӣ ва хирадмандӣ, дараҷаи баланди таъмини ахбор, боварии коллективӣ, фикрронии якранг, навоварӣ, самаранокии фаъолият, дастгирии ҳамдигарӣ, дастгирии беруна, худшиносӣ.

  7. Фуксияи роҳбарии коллектив - мақсадгузорӣ, банақшагирӣ, ташкилӣ, роҳбарӣ, назоратӣ.

  8. Омилҳои рӯҳии коллектив - муҳити рӯҳӣ, ҳолати саломатии коллектив, муттаҳидӣ, ягонагӣ, дараҷаи таъсирасонӣ, адолатпарастии роҳбар.

  9. Усули Делфи дар роҳбарии коллектив - ҳар як роҳбар масоили алоҳидаро омӯхта, онро ба муҳокимаи коллектив вогузор менамояд.

  10. Усули муборизаи ақлонӣ - роҳбар масъаларо кушода ба муҳокима мегузорад, ҳар як аъзои коллектив фикри худро пурра изҳор менамояд ва дар охир як қарори умумӣ қабул карда мешавад.

  11. Мавқеи иҷтимоӣ ва хислатҳо дар коллектив - некхоҳон, рӯҳафтодагон, ҳақиқатпарастон, иғвогарон, ноӯҳдабароён, ҷавонони лаёқатманд, одамони боғайрат, эҳтиёткоррон, масхарабозон, навоварон, консерваторҳо, мутаассибон.

  12. Меъёрҳои коллективии менеҷмент - одам дар маркази диққат,
    таъминоти доимии фаъолияти корманд, ҷо ба ҷо гузории кормандон,

пешина
аз 463
навбатӣ