Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
ҷавобгарӣ оидӣ натиҷаи фаъолият, интихоби боадолатонаи вазифадорӣ, ғамхории пайваста, имтиёз ва мукофотҳо.
-
Шартҳои мавҷудияти коллектив — мавҷудияти тартиботи меҳнатӣ ва қоидаҳо, олот ва воситаҳои корӣ, ҷои корӣ, реҷаи корӣ, ҳавасмандӣ ва муносибатҳои баланди корӣ.
-
Равияҳои асосии ташкили илмии меҳнат — иҷтимоӣ — рӯҳӣ, техникӣ — технологӣ, иқтисодӣ — молиявӣ.
КИТОБИ ДУВВУМ - ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТҲОИ МЕНЕҶМЕНТ
-
Этикети расмӣ — рафтори ҳамида дошта, оддӣ будан, соҳибэҳтиром ва тарбияёфта, тозагии симои зоҳирӣ, донишманду ҳунарманд ва хештаншинос будан аст.
-
Талаботи либоси расмӣ — костюми сиёҳ, куртаи сафед ва ё ранги паст дошта, галстуки ба куртаю костюм мувофиқ, пойафзоли сиёҳ, тасмаи ба костюм мувофиқ, мӯи сари бонизом.
-
Дар вақти тановул дар меҳмонии расмӣ — интихоби ҷой, тарзи нишаст, истифодаи қошуқу чангак, дастрӯймол ва гирифтани хӯрок, камхӯрӣ ва камнӯширо омӯзед.
-
Ташкили илмии меҳнати фикрӣ — ташкили фикрронӣ, мустақилият, мақсаднокӣ, манфиатнокӣ, навоварӣ, бомавридӣ, ихтисосмандӣ, сифатнокӣ, мунтазамӣ, натиҷагирии мусбӣ.
-
Қоидаҳои гузаронидани маҷлис — зарурати ҷамъомад, масъалагузории дуруст, замон ва макони маҷлис, баромадкунандагон, шунавандагон, иштироккунандагон, манфиатҳо, қарор ва натоиҷ, давомнокии маҷлис.
-
Хатоҳои менеҷер мувофиқи ақидаи В. Хойер — аз масъулият рӯй гардондан, садди роҳи инкишоф гаштан, тафтиши зиёд кардан, беадолатӣ, бадхоҳӣ, ноҳақӣ, кинагирӣ, бахилӣ, тарсидан аз мушкилиҳо ва донишмандон, худпарастӣ, рафтори нигилизмӣ, дагалӣ, нодонӣ, беғайратӣ ва пургуфторӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор