Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Талаботҳои танқиди роҳбарӣ — асоснокӣ, барои беҳтаршавии фаъолият, бомаврид, беғаразона ва самаранок.

  2. Тарзи роҳбарӣ — системаи усулҳо, услубҳо ва шаклҳои баланди кордонию таъсиррасониро меноманд, ки роҳбар вобаста аз вазифа ва уҳдадориҳояш дар менеҷмент иҷро мекунад.

  3. Тарзи итоаткунӣ — кулли усулҳо ва тарзҳои иҷрои фаъолиятеро меноманд, ки роҳбар расман вазифагузорӣ менамояд.

  4. Омилҳои таъсиррасонанда ба тарзи роҳбарӣ — сиёсати мавҷудаи корхона, ҳаҷми корхона, мавқеи роҳбар, мавқеи менеҷмент, ҳолати рӯҳии менеҷмент, қобилияти кордонии роҳбар, хирад ва хештаншиносии роҳбар, ҳолатҳо ва сифати фардии зердастон.

  5. Усули пардапӯшии роҳбарӣ — изофанависӣ, насупоридани андоз, пешниҳоди ҳисоботҳои ғайривоқеӣ, фиребгарӣ ва дигар фаъолиятҳои номатлуб ва ғайриқонунии менеҷмент.

  6. Тарзи роҳбарӣ — авторитарӣ, демократӣ, мусолиҳакорӣ.

  7. Зинаҳои инкишофи роҳбарӣ — ҷисмонӣ, бехатарӣ, ҳунармандӣ, хирадмандӣ, хештаншиносӣ.

  8. Истифодаи ченакҳо дар роҳбарӣ — мавҷудияти ахбори пурра ва дурусти роҳбарӣ, талаботҳои қабули қарори роҳбарӣ, муайянӣ ва аниқии мақсадҳо, иштироки зарурии кормандон, ҳавасмандӣ, эҳтимоли муноқиша, натиҷагирӣ.

  9. Муноқишаи корхона — бо ҳам бархӯрдани ду равияи бо ҳам зиди муносибатҳо, мақсадҳо, нуқтаи назарҳо ва мавқегузории кормандону роҳбарро меноманд.

  10. Муноқишаи дохилаи менеҷмент — вобаста ба дониш, фаҳмиш, дараҷаи инкишоф, манфиатҳо, хирадмандӣ, хештаншиносӣ ва мавқеъгузорию мақсадгузории менеҷмент пайдо мегардад.

  11. Муноқишаи байнишахсӣ — асосан, дар асоси манфиатҳои моддӣ ва маънавии кормандон ба вуҷуд меоянд.

  12. Муноқишаи байнигуруҳӣ — дар асоси нуқтаи назарҳои мухталифи сиёсӣ ва манфиатҳои моддии гурӯҳӣ ба вуҷуд меоянд.

пешина
аз 463
навбатӣ