Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
-
Банизомдории фаъолияти менеджмент — мавҷудияти қонун, тартиб додани Оинномаи корхона, сохтори ташкилӣ ва роҳбарӣ, вазифадорӣ, дастурамалҳо ва низомномаҳо.
-
Ҳокимият — имконоти воқеии таъсиррасониро ба одамон дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ ва вазифадорӣ меноманд.
-
Шаклҳои ҳокимиятдорӣ — яккасардорӣ, коллективӣ, коллегиявӣ.
-
Қобилияти истифодаи ҳокимият — дониш ва маҳорати роҳбарӣ доир ба сохтори корхона, мақом ва алоқамандии гурӯҳ ва субъектҳои алоҳида, манфиати онҳо, фаҳмишҳои стратегию тактикии хирадмандона ва худшиносиро меноманд, ки тавассути он ҳокимият ва сарчашмаҳои бадастоврдашуда нигоҳ дошта мешаванд.
-
Асосҳои мавҷудияти ҳокимият — итоати як гурӯҳи одамон ба роҳбаронро ба шакли ихтиёрӣ дар асоси қонунҳои амалкунандаи давлатӣ меноманд.
-
Ҳокимияти анъанавӣ — хислати итоатгароии аз насл ба насл гузаранда.
-
Боварии шахсии ҳокимиятдорӣ — шакли мустаҳкамсозии ҳокимиятдорие, ки одамон бо боварӣ ба қонунҳои мавҷуда, меъёрҳо ва қоидаҳо фаъолият менамоянд.
-
Се давраи ҳокимиятдории асри XX — 1. Технократиэми аввала — одам ҳамчун олоти ёрирасони техника. 2. Технократиэми классикӣ — одамро баробари таҷҳизот шинохта гирифтанд. 3. Технократиэми гуманистӣ — ҳокимиятдорӣ бо назардошти қобилияти фардин одамон дар истифодаи техника.
-
Қоидаҳои гуманистии ҳокимиятдорӣ — эҳтироми арзишҳои баланди инсонӣ, маънавиёт, маълумотнокӣ, қобилияти баланд, эҷодкориҳо ва дигар арзишҳои этикӣ.
-
Хатои асосии роҳбарӣ — якрангии рафтори роҳбарӣ, баҳои нодурусти ҳолатҳо ва омилҳои роҳбарӣ, фаъолияти бесамар, ҳаракати «МАН», худбаҳодиҳии ғайривоқеӣ, ба эътибор нагирифтани манфиати ҷомеа ва ё даҳолат ба зиндагонии онҳо.
-
Талаботиҳои васфи роҳбарӣ — андозан муайян, пайдарпании воқеӣ ва мавқеӣ, бо танаффӯс.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор