Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

КИТОБИ ЯКУМ – АСОСҲОИ ИЛМИИ МЕНЕҶМЕНТ

  1. Менеҷмент ҳамчун илм - назария ва таҷрибаи роҳбарӣ, қоидаҳо ва усулҳои идоравиеро фаро мегирад, ки бо мақсади таъмини самаранокӣ ва фоиданокии фаъолияти одамон равона карда шудааст.

  2. Менеҷмент ҳамчун фаъолият - усулҳо ва шаклҳои муомила бо одамонро дар корхона меноманд, ки инкишофро таъмин месозад.

  3. Менеҷмент ҳамчун санъат - ҳунари волои кордонии роҳбаронро дар ҳокимиятдорӣ ва идоракунӣ меноманд.

  4. Менеҷмент ҳамчун хирад - шакли олии муносибатҳои инсонӣ ва пиндору рафтору гуфтори хирадмандонаи роҳбариро меноманд.

  5. Менеҷмент ҳамчун хештаншиносӣ - расидан ба зинаи хештаншиносии роҳбарӣ ва худогоҳиро меноманд.

  6. Мактабҳои менеҷмент - хештаншиносӣ, классикӣ, рафтори роҳбарӣ, ҳунармандӣ, ҳолатӣ.

  7. Пайдоиши менеҷменти корхонаҳо - 5 давраро дар бар мегирад. 1. Мактаби маъмурии идоракунӣ. 2. Мактаби рафтории одамон. 3. Мактаби навоварӣ. 4. Мактаби пешвой. 5. Мактаби фаъолияти касбӣ-хештаншиносӣ.

  8. Намудҳои менеҷмент - давлатӣ, ҳукуматӣ, ҳарбӣ, соҳибкорӣ, байнамилалӣ.

  9. Сарчашмаҳои илми менеҷмент - илмҳои ҷамъиятию иқтисодӣ, моделсозӣ ва кибернетика, назарияи роҳбарӣ, риёзию ситорашиносӣ, табиатшиносӣ.

  10. Менеҷер - сарвар, мутахассиси касбии (профессионалии) менеҷмент.

  11. Функцияи менеҷмент - фаъолгардонӣ ва таъмини хештаншиносии роҳбарӣ.

  12. Усули фаъолияти менеҷмент - аксари олимон 13 усули фаъолияти менеҷментро пешниҳод менамоянд.

  13. Қоидаҳои менеҷмент - қонуниятҳоеро меноманд, ки дар доираи он системаи ҳокимият ва ҳукмронӣ амалӣ мегардад.

пешина
аз 463
навбатӣ