Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
БОБИ 59
ҲАЗОРУ ЯК
САВОЛУ ҶАВОБИ
МЕНЕҶМЕНТ
Хонандаи азиз! Дар боби мазкур мо ҳазору як саволу ҷавоби мафҳумҳои асосии менеҷментро, ки дар панҷ китоби таълимию тарбиявиамон тадқиқот намудаем, бароитон дар шакли гулчин пешниҳод менамоем. Пайдарпайин саволу ҷавобҳо ба мавзӯи китобҳо мувофиқат менамоянд. Шумо метавонед ин китобҳоро дастрас намуда, аз мазмуни пурраи ин мавзӯъҳо бохабар гардед. Илова бар ин, аз мутолиаи пурраи мавзӯъҳо боз мафҳумҳои хеле зиёди менеҷментро аз худ хоҳед кард.
Ҳамзамон, гуфтани ҳастем, ки то замоне зиндагӣ дар рӯи Замин дар ҷараён аст, ҳаракат ва инкишоф ба назар мерасад, илми менеҷмент низ инкишофу ташаккул меёбад ва боз мафҳуму фаҳмишҳои навинро ба майдон меорад.
Мо низ пайваста кӯшиши онро менамоем, ки аз навигариҳои илми менеҷмент сари вақт бохабар бошем ва асрҳо таълиф намуда, таманнои онро дорем, ки Шумо доимо дар зинаи баланди хештаншиносии роҳбарӣ қарор дошта бошед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор