Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
-
Масъалагузории воқеӣ ва таъини дурусти иҷрокунандагон.
-
Муроҷиати бевосита ба кормандоне, ки иҷрои мақсад ва вазифаҳо ба онҳо супорида шудааст.
-
Алоқаи бевоситаи корнро ба кормандоне, ки дар ҳалли қарорҳои идоравӣ вазифадор карда шудаанд ва ҷавобгаранд, пайваста нигоҳ доштан.
-
Дастгирии бевоситаи қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии кормандон новобаста аз вазифа ва мавқеашон дар корхона.
-
Ахбори пурраи пайваста доштан оиди иҷрои қарорҳои роҳбарӣ ва монеаҳои асосии иҷроиш.
-
Таъмини стратегии сиёсати ягонаи ҳокимиятдорӣ ва рушди босубот дар корхона.
Як нуқтаи муҳимро низ бояд таъкид сохт, ки одамон табиатан худписанд буда, ҳар як ҳокимиятро бо каме норизой ва ҳокимияти мутлақро бошад, бо ҳисси бадбинӣ қабул менамоянд. Аз ин хотир, роҳбари хештаншинос бояд ҳокимиятро на барои ҳукмронӣ, балки барои таъмини фаъолнокии қобилияти зеҳнӣ ва ҷисмонии кормандон истифода карда, роҳҳои ҳавасмандӣ ва дӯстдории ҳокимиятро амалӣ гардонад.
Ҳангоми муқоисаи фаъолияти кормандон мушоҳида мешавад, ки қариб тамоми норизоии кормандон аз истифодаи нодуруст ва ё нокифоягии ҳокимият мебошад. Пас, ҳокимиятро метавон ҳамчун восираи низоми фаъолият ва муносибати баланди роҳбарӣ истифода кард.
Мутаассифона, дар фаъолияти баъзе роҳбарони корхонаҳо, мо ташкил ва истифодаи ҳокимиятро бо нишонагирии ғаразноки шахсӣ мебинем, на балки барои мақсадҳои институтсионални ташкилии корхона ва ба мақсадрасии стратегии менеҷмент. Чунин ҳолат ҳокимиятро хеле заиф сохта, пешравии корхонаро таъмин карда наметавонад ва ҳолати вазнини рӯҳиявӣ ба вуҷуд меорад. Бинобар ин, ҳокимиятро ҳамчун ташкили муносибатҳои баланди хештаншиносӣ бояд шинохт, на барои сарватгукунӣ ва ё дигар мақсадҳои ғаразноки шахсӣ. Мо набояд аз ҳокимият тарсем ва ё гурезем, балки омӯзем, ки ҳунари боақлона ва бошууронаи истифода кардани ҳокимиятро пайдо намоем. Ин мақсадро бо ду роҳи хештаншиносии роҳбарӣ таъмин кардан мумкин аст:
- Ба дастоврдани ҳокимият, яъне аз байн рабудани тарси нотавонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор