Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

аз он ҳаловат бубаранд. Шояд асабӣ мешавад, ки чунин қудрат ва ҳокимият надоред, ки аққалан қобилияти худро амалӣ гардонед. Пас, хоҳ нохоҳ риво мешавад, ки доимо бояд ҳокимияти адолатпешае мавҷуд бошад, ки одамон баҳри амалигардонии мақсадҳои некашон имкон пайдо карда тавонанд. Махсусан, ҷавонон, ки бо қувваи баланди эҷодию навовариҳо ба ташкилоту муассисаҳо омада, бо хоҳиши қавӣ ва ғурури баланди ҷавонӣ мехоҳанд навоварӣ ҷорӣ намоянд, бояд аз тарафи ҳокимияти роҳбари хештаншинос бевосита дастгирӣ ёфта, дар инкишофи босуботи корхона саҳмгузор бошанд.

Як нуқтаро бояд таъкид сохт, ки кормандон аслан дар як муддати кӯтоҳ дарк мекунанд, ки то чӣ андоза дар ҳокимиятдории Шумо тозагию покӣ ва адолату ҳақиқатпарастӣ мавҷуд аст. Вобаста аз ин, ба қудрати ҳокимиятатон баҳо дода, рафтори худро мувофиқ менамоянд. Бинобар ин, роҳбари хештаншинос бояд чунин ҳолатро хеле хуб дарк кунад, ки бо роҳи беадолатии ҳокимиятдорӣ пойдории роҳбарӣ ғайриимкон буда, дар ояндаи наздик ба касе лозим намегардад. Дар натиҷа, ба Шумо ва ҳокимиятатон боварияшон коста гардида, фаъолиятшонро ба он мувофиқа ва самараноку боварӣ кору фаъолият намекунанд. Эҳтимол, корхонаро тарк мекунанд ва ё бо дили сард барои рӯзгузаронӣ меҳнат мекунанду халос. Мутаассифона, чунин ҳолатро дар корхонаҳои гуногуни соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистони имрӯза мушоҳида кардан мумкин аст.

Роҳбари хештаншинос дар баробари ташкили ҳокимияти босубот, бояд кормандонро аз ахбору захираҳои ҳокимиятдории пуркуввате таъмин созад, ки онҳо қувваи ҳокимиятро на фақат дар роҳбарият, балки дар ниҳоди худашон низ ҳис карда, дилпурона ба кору фаъолият машғуланд.

Мувофиқи мушоҳидаҳо дар корхонае, ки роҳбари хирадманд сарварӣ дорад, он ҷо меъёрҳои ахлоқӣ, эҳтиром ва қадру қиммати кормандон хеле баланд ва муҳити солими рӯҳиявию маданӣ ҳукмфармо буда, одамон хушбахтона кору фаъолият менамоянд.

Бинобар ин, ҳокимияти роҳбари хештаншинос бояд воқеӣ буда, аз уҳдаи вазифаҳои зерини рушди босубот баромада тавонад:

  1. Ба кормандони қобилияти баланди зеҳнии кордонӣ дошта, вазифа ва кори арзандаро таъмин карда тавонистан.
пешина
аз 463
навбатӣ