Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
- Дигаргунсозии самараноки ҳокимият бо роҳи олоти муносибати ҳамкорӣ табдил додани ҳокимият.
Ҳокимиятро ҳамчун имконоти таъсиррасонӣ ба фаъолияти самеъ меҳнатӣ ва рафтори одамон истифода карда, мо аз фаҳмиши пешини он ҳокимият - воситаи назорати фаъолияти одамон даст мекашем.
Имрӯз дар ҷаҳони менеҷмент замоне фаро расидааст, ки дар мамолики пешқадам ва ширкатҳои азими байналхалқӣ ҳокимиятро на «ҳукмронӣ аз болои дигарон», балки «ҳамчун воситаи пайдо кардани кори нав» истифода менамоянд. Агар мо чунин фаҳмиши хештаншиносии ҳокимиятдориро аз худ намоем, он гоҳ дар корхона нишонаҳои беҳтарини ҳокимиятдориро метавонем ба даст орем:
-
Дар менеҷменти корхона бюрократияи зинаҳои гуногуни пешроҳбарӣ заиф ва миқдори менеҷерон хеле кам мегарданд. Ҳангоми ташкили дурусти ҳокимият зарурияти миқдоран зиёд кардани роҳбарон байн рафта, роҳбарӣ дар асоси боварӣ ва истифода аз техникаи баланди ахбории электронӣ сурат гирифта, доираи ҳукмронии менеҷер хеле васеъ мегардад.
-
Ташкили асаби электронӣ - ахбории корхона имкони ғайримарказикунонии ахбори роҳбариро муҳайё сохта, ташкилот аз қабул ва коркарди такрории ахбори нолозима даст мекашад. Ҳар як роҳбар, корманд ба базаи ягонаи корхона имкони дохилшавӣ дошта, мустақилияти роҳбарони аппарати поёнӣ баланд мегардад ва дар худ ҳисси баланди масъулият ташаккул медиҳанд. Новобаста ба он ки корманд дар кадом кунҷи дунё, балки сохтори корхона кору фаъолият менамояд, тавассути ахбори электронӣ фаъолияти корхона ҳар замон бохабар шуда, супоришу қарорҳои марказӣ қабул менамояд ва оидӣ иҷрои он боз ба воситаи ахбори электронӣ маълумот мефиристад.
-
Сохтори амудии роҳбарӣ оҳиста - оҳиста ҷои худро ба сохтори уфуқӣ роҳбарӣ дода, менеҷмент - мақому мартабаи худро хеле васеъ месозад. Кормандони болаёқат, барномаҳои мақсадноки аниқро пурра ба зимма гирифта, онро аз аввал то ба охир мустақилона ба анҷом мерасонанд. Вобаста аз дараҷаи иҷроиши лоиҳаҳо ва сифатнокию самаранокӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор